Санаи 22 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Захираҳои обӣ ҳамчун омили рақобатпазирии иқтисодии Тоҷикистон дар бозори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва инчунин бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бахшида шуда, аҳамияти хосси илмӣ ва амалӣ дорад.
Дар кори конфронси илмӣ, Тоҷибой Султонӣ – намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, Ҳасанзода Нодира -намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси мактабҳои олӣ, Иброҳим Иброҳимов – омири кулии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, олимону муҳаққиқон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коршиносони соҳа, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Ҳамоиш ба як майдони муҳими табодули афкор ва баррасии масъалаҳои калидии марбут ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва рушди устувори иқтисодӣ табдил ёфт.
Сухани ифтитоҳиро директори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол ироа намуда, аҳамияти стратегияи захираҳои обиро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иқлим таъкид намуд. Ӯ зикр намуд, ки кишвари Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обӣ буда, истифодаи оқилонаи онҳо метавонад омили муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ гардад.
Сипас, Тоҷибой Султонӣ баромад намуда, ба масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти идоракунии захираҳои обӣ, рушди инфрасохтори гидроэнергетикӣ ва саҳми кишвар дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳозирин сухани шодбошии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро бо таваҷҷуҳи хоса шуниданд. Ӯ дар баромади худ аҳамияти мавзӯи конфронсро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ махсус таъкид намуда, захираҳои обиро яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти экологӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварҳо арзёбӣ кард. Ҳамчунин, номбурда ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ишора карда, нақши кишвари Тоҷикистонро дар пешбурди ин масъалаҳо дар сатҳи байналмиллалӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи конфронс маърузаи Турдиев Турдӣ Муллоҷонович, номзади илмҳои география, дотсент, сармутахассиси шуъбаи идоракунии таҳсилоти МДТ” Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” шунида шуд. Ӯ дар баромади худ ба масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодии миллӣ, инчунин таъсири тағийрёбии иқлим ба вазъи захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Номбурда таъкид кард, ки дар шароити муосир омӯзиши илмии захираҳои обӣ ва таҳкими корҳои тадқиқотӣ дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа дошта, барои устувори иқтисоди кишвар заминаи муҳим фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни конфронси илмӣ як қатор устодону олимони соҳаҳои мухталиф баромад намуда, доир ба нақши энергетикаи офтобӣ ва насосҳои гармидиҳӣ дар баланд бардоштани самаранокии аҳамияти захираҳои обӣ ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодӣ, масъалаҳои истифодаи самараноки онҳо ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ андеша ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Оид ба ин масъала муассиси ширкати ҶДММ “Нури тобон” Ромизхон Юлдошхонов аз Ҷумҳурии Узбекистон ибрози андеша намуд.
Инчунин, баромади магистранти курси 2-юми ихтисоси “Иқтисоди ҷаҳонӣ”, Бойматова Самира, аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо забони англисӣ шунида шуд.
Ҳар як баромадкунанда ба ҷанбаҳои гуногуни мавзуъ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла ба масъалаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, экологӣ ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар идоракунии захираҳои обӣ истодагарӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сухани ҷамъбастии Зокирхонзода Муқаддамхон Зокирхон - доктори илмҳои иқтисодӣ, ҷонишини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ шунида шуд. Ӯ натиҷаҳои конфронсро мусбат арзёбӣ намуда, қайд кард, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба байни муҳаққиқон ва рушди таҳқиқот дар самти захираҳои обӣ аҳамияти муҳим доранд. Дар ҷамъбасти конфренсия маърузачиён барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар баррасии масъалаҳои муҳим бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.







Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”