Санаи 22 апрели соли 2026 бо ташаббуси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, бахшида ба таҷлили Рӯзи фарҳанг дар Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши фарҳангӣ Зайнура Азимӣ - муовини раиси вилояти Суғд,Файзализода Д- раиси Кумитаи Ҷумҳурии иттифоқҳои касабаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Ш. Абдуллозода - раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ф. Қодирова - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, Бахтиёр Қосимов - сардори раёсати фарҳанги МИҲД - и вилояти Суғд, намояндагони раёсати фарҳанг, роҳбарону кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо, инчунин намояндагони аҳли адабу ҳунар, санъат, иттилоот, варзиш ва меҳмонони сершумор иштирок намуданд. Аз ҷумла, намояндагони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дар ин чорабинӣ ҳузури фаъол доштанд.
Дар даромадгоҳи театр аз ҷониби муассисаи мазкур гӯшаи намоишии ҷолиб ташкил карда шуда буд, ки дар он дастовардҳои осорхонаи таърихӣ, ифтихорномаҳо, ашёҳои нодир ва маводи арзишманди фарҳангӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуданд. Ин гӯша таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуда, аз таъсисёбии ҷашни 100 - солагии Осорхонаи таърихи вилояти Суғд дарак медод.
Дар ин чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ, ки ба ифтихори Рӯзи фарҳангӣ фазои идона ва пурҳаяҷон ҳукмфармо буд. Дар ҷараёни чорабинӣ Зайнура Азимӣ муовини раиси вилояти Суғд, табрикоти расмии раиси вилояти Суғдро бахшида ба ин рӯзи фархунда қироат намуд. Ӯ паёми табрикотро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои миллӣ ба ҳозирин расонд. Дар суханони табрикотӣ саҳми бузурги кормандони соҳаи фарҳанг дар рушди маънавии ҷомеа ва тарғиби ҳунару санъат махсус таъкид намуд. Ҳамчунин ба аҳли фарҳанг барои заҳматҳои содиқонаашон изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда шуд.
Дар идомабахши чорабинии мазкур, Бахтиёр Қосимов сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд суханони намуд. Ӯ аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва рушди соҳаи фарҳанг махсус истодагарӣ намуд.
Сониян, номбурда табрикоти шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин қироат кард. Дар матни табрикот саҳми аҳли фарҳанг дар рушду нумуи фарҳанги миллӣ, эҳё ва ҳифзи анъанаҳои ниёгон, инчунин тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ зикр гардида, ба ҳамаи кормандони соҳа комёбиҳои нав ва фаъолияти пурсамар орзу карда шуд.
Файзализода Д - раиси Кумитаи Ҷумҳурии иттифоқҳои касабаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон баромад намуданд.
Сипас, раиси иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот варзиш ва сайёҳи дар вилояти Суғд, Фотимахон Қодирова суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи фарҳанг самимона табрик гуфт. Ӯ нақши кормандони соҳаи фарҳангро дар тарбияи маънавии ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ баланд арзёбӣ намуда, ба фаъолияти онҳо барору комёбиҳои нав орзу намуд. Дар баробари ин, мавсуф аз дастгирии пайвастаи кормандони соҳа ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии онҳо аз ҷониби иттифоқи касаба ёдовар шуда, идомаи чунин тадбирҳоро муҳим шуморид.
Баъдан, иштирокдорони чорабиниро бо ин рӯзи фархунда самимона табрик гуфт. Ӯ дар баромади худ аҳамияти ин рӯзро дар ҳаёти ҷомеа ва аҳли меҳнат таъкид намуда, саҳми кормандонро дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар муҳим донист. Дар идомаи суханронӣ ба ҳозирин орзуи саломатӣ, хушбахтӣ ва дастовардҳои нави касбӣ баён намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи фарҳанг барои саҳми арзандаашон дар рушду пешрафти фарҳанги миллӣ бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ин иқдом нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмати содиқона ва фаъолияти пурсамари намояндагони соҳа мебошад. Дар ин раванди шодбошӣ Иброҳим Иброҳимов, омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, инчунин Мирзоева Иноятхон, собиқадори меҳнат ва роҳбалади дараҷаи олӣ барои саҳми арзандаашон дар рушди фаъолияти фарҳангӣ ва хизматҳои софдилона дар соҳаи фарҳанг бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар баробари ин, раиси иттифоқи касабаи муассисаи мазкур Сайфиева Шарифахон низ барои фаъолияти самарабахш дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва рушди фаъолияти иттифоқи касаба бо ифтихорнома мукофонида шуд.
Қадрдонии чунин шахсиятҳо дар фазои идона руҳияи кормандони муассисаи фарҳангиро боз ҳам боло бурда, онҳоро барои идомаи фаъолияти босамар ва ноил гардидан ба дастовардҳои нав ҳавасманд менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатӣ манзур гардида, ҳунармандони шинохта бо иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан, сулҳу ваҳдат ва фарҳанги миллӣ фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд. 








Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”