Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳамгироии илм ва таърих - конфронс ва боздид аз Қалъаи Хуҷанд

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 18 апрели соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҷанбаҳои экологӣ- иқтисодии рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ дар шароити рақамикунонӣ” бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор” сурат гирифта, намояндагони сатҳи баланд, коршиносон, олимон ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва иқтисодро аз кишварҳои мухталиф гирд овард.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии роҳҳои ҳамгироии имкониятҳои рақамикунонӣ бо рушди устувори соҳаи  сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими замонавӣ, аз ҷумла таъсири  технологияҳои рақамӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар ҳошияи ин чорабинии муҳим, ҳайати меҳмонони олиқадр аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд. Ин боздид ба меҳмонон имконият фароҳам овард, то бо таърихи ғанӣ, фарҳанги бостонӣ ва мероси нодири миллати тоҷик аз наздик ошно гарданд.

Меҳмононро дар ин сайёҳати фарҳангӣ устодони Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди ДБССТ ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳайати меҳмононро роҳбалади дараҷаи олии муассисаи мазкур Мирзоева Иноятхон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ гузар намуда, ба онҳо дар бораи таърихи бунёди қалъа, марҳилаи рушди он ва аҳамияти он дар тамаддуни кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамчунин зимни сайри илмӣ ба меҳмонон намунаҳои нодири санъати миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ, кундалкорӣ, наққошӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид. Бозёфтҳои таърихии арзишманд, ки дар намоишгоҳи қалъа нигоҳдорӣ мешаванд, таваҷҷуҳи махсуси иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуда, аз тамаддуни қадима, ки аз фарҳанги ғании мардуми  тоҷиқ шаҳодат медиҳад, шинос гардиданд.

Сониян, дар идомаи барномаи фарҳангӣ, меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ боздид ба амал оварда, бо тарзи зиндагии анъанавии сокинони маҳаллӣ аз наздик ошно гардиданд. Ин гӯшаҳои зиндаи ҳунарӣ, ки бозгӯи фарҳангу тамаддуни куҳани тоҷикон мебошанд, ба меҳмонон имконият фароҳам оварданд, то муҳити воқеии рӯзгори мардумиро эҳсос намоянд. Зимни боздид, онҳо бо равандҳои гуногуни ҳунарҳои  мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, дуредгарӣ ва кулолгарӣ шинос шуда, шоҳиди маҳорати баланд ва зебоиофарии ҳунармандон гардиданд. Ҳамчунин, меҳмонон аз ҳавлии тоҷир боздид намуда, бо тарҳи меъмории анъанавии хонаҳои қадима, тарзи ороиши дохилӣ ва муҳити зисти аҳли хонавода дар гузашта ошно шуданд. Ин бахши сайри илмӣ ба онҳо тасаввуроти мукаммалтар дар бораи  ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии давраҳои пешин бахшид.

Дар маҷмуъ, ин боздид барои меҳмонон бисёр хотирмон ва пурмуҳтаво арзёбӣ гардид. Онҳо зимни сайёҳати фарҳангӣ бо арзишҳои маънавӣ, расму оинҳо ва суннатҳои ғании миллати тоҷик аз наздик ошно шуда, дар бораи таърихи куҳан ва фарҳанги рангини кишвар тасаввуроти амиқтар пайдо намуданд.

Меҳмонон махсусан аз тарзи муаррифии ҷолибу илмии маълумот аз ҷониби роҳбалади дараҷаи олӣ Иноятхон Мирзоева изҳори қаноатмандӣ намуда, ба сатҳи баланди дониш, маҳорати суханронӣ ва муносибати самимии ӯ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки чунин сайри илмӣ дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи таъриху тамаддуни тоҷикон нақши муҳим мебозанд.

Дар анҷоми боздид, меҳмонон ба роҳбалад ва ташкилкунандагони чорабинӣ арзу сипосу миннатдорӣ баён намуда, барои гиромидошти лаҳзаҳои хотирмон чанд аксҳои хотиравӣ бардоштанд. Ин лаҳзаҳо ҳамчун ёдгории сафар ва нишони дӯстиву ҳамкории фарҳангҳо дар хотири онҳо боқӣ хоҳад монд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲамгироии илм ва таърих - конфронс ва боздид аз Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top