Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сад ранг дар як матоъ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 10 апрели соли 2026 бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд. фестивал – озмуни вилоятии Суғд, таҳти унвони “Як матоъу сад ранг” ва намоиши фурӯши маҳсулоти  чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ, дар фазои зебову таърихии ҳавлии ҳунармандони мардумии Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”баргузор гардид.

Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии санъати миллии тоҷикона, бахусус чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ, инчунин дастгирии занону ҳунармандони маҳаллӣ роҳандозӣ шуд. Фестивал муҳити созандаи ҳамкорию табодули таҷрибаро фароҳам  оварда, ба рушди иқтисоди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар фестивал ҳунармандон ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд, аз ҷумла Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Бӯстон ва дигар минтақаҳо иштирок намуданд. Ҳар як гӯшаи намоишгоҳ рангорангии ҳунарҳои миллӣ ва завқи баланди эҷодии ҳунармандонро таҷассум мекард.

Маҳсулоти ба намоиш гузошташуда, аз ҷумла либосҳои чакан, рӯйпӯшҳои гулдӯзишуда, маснуоти зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи меҳмонон ва тамошобинонро ба худ ҷалб намуд. Ҳар як асар бо нозукбинӣ ва ҳунари баланд оиода  гардида, рамзи фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар чорабинӣ инчунин намояндагони соҳаи фарҳанг, сарояндагони мумтози вилоят, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Барномаи фарҳангии рангин бо суруду мусиқии миллӣ фазои идонаро боз ҳам шукуҳмандтар гардонд.

Қобили зикр аст, Фестивал – озмуни “Як матоъу сад ранг” на танҳо як намоиши ҳунар, балки майдони эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муаррифии  истеъдодҳо ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят гардид. Ин гуна ташаббусҳо барои нигоҳдорӣ ва рушди мероси ғайримоддии фарҳангӣ, инчунин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аҳамияти муҳим доранд.

Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ маросими ҷамъбастӣ бо як фазои тантанавӣ ва руҳбаландкунанда баргузор гардид. Ҳакамони озмун, ки аз ҳисоби мутахассисони соҳаи фарҳанг, ҳунармандони варзида ва коршиносони санъати мардумӣ иборат буданд, ба фаъолияти иштирокчиён баҳои сазовор дода, маҳорати эҷодӣ, навоварӣ ва ҳифзи анъанаҳои миллиро махсус  таъкид намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои баҳогузорӣ, беҳтарин ҳунармандон дар чандин номинатсия, аз ҷумла, “Беҳтарин чакандӯз”, ”Беҳтарин нақшдӯз”, “Беҳтарин зардӯз” ва “Беҳтарин муаррифии ҳунари мардумӣ” муайян карда шуданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ, ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСад ранг дар як матоъ
Scroll to Top