Яке аз толорҳои намоишии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” толори бостоншиносӣ мебошад, ки “Ёдгориҳои таърихии ҳавзаи миёнаоби Фарғона Сирдарё” ном гирифтааст. Дар ин толор асосан бозёфтҳои бостонии ин минтақаҳо ва хусусан он экспонатҳое, ки аз ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ҳангоми ковишҳои бостоншиносии навин, яъне солҳои 2019 - 2022 дарёфт шудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Бозёфтҳо асосан маснуоти сафолӣ буда, ба асрҳои гуногун тааллуқ доранд.
Хотиррасон бояд шуд, ки корҳои ҳафриётӣ дар ҳудуди “Қалъаи Хуҷанд” бо роҳбарии профессори Донишгоҳи давдатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Н.Т.Раҳимов ва гурӯҳи кории бостоншиносон дар ҳайати М.Файзуллоев, Ф.Ҳусенов, О.Маҳмудов, Н.Икромов, Ҷ.Ҳомидов, Н.Маҳмудов, директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М. Бойматов ва донишҷӯёни донишгоҳи номбурда гузаронида шуда, дар он намояндаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бостоншинос М.Д.Азизов ҳамчун мушовири дастаи ҳафриётӣ таъин гардид. Дар натиҷаи ҳафриёт қабатҳои мадании асрҳои IX-XII, XIII-XVI, XVII-XIX тадқиқ гардида, ба миқдори зиёд бозёфтҳои сафолину шишагӣ, фулузию маснуоти заргарӣ ва тангаҳои мисину нуқрагини замони Сомониён, Қарахониён, Темуриён ва ғайра дарёфт гардид. Ҳамаи бозёфтҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд супорида шуданд.
Инҷо мехостем оиди якчанд нигораҳои нодир, ки дар рафти корҳои ҳафриётӣ дарёфт гардидаанду ба толори намоишии “Қалъаи Хуҷанд” ба намоиш гузошта шудаанд, маълумот диҳем.
Яке аз экспонатҳои ҷолиби диққат ин санги осиёи дастӣ мебошад, ки ба асрҳои VIII-VII пеш аз мелод тааллуқ дорад. Санги осиё барои майда намудани гандум, ғалла ва дигар маҳсулоти ғалладонагиҳо истифода мешуд. Сангҳои осиё аз қисмати шимолии Қалъаи Хуҷанд, аз хандақи 1/20 дар таҳкурсии девори қадимаи шаҳри Хуҷанд дарёфт гардидааст. Маълум гардид, ки сангҳои осиё баъди корношоям гадида, аз истифода дур шудан ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ, барои таҳкурсии деворҳо истифода мешуд. Ин бозёфтҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки мардуми Хуҷанди қадима дар ғизои рӯзмарраи худ аз маҳсулоти ғалладонагиҳо ба таври васеъ истифода мебурданд.

Инчунин боз якчанд экспонати дигар, ки дар ин толор нигоҳ дошта мешавад, ин қубурҳои обгузар мебошад, ки ба асрҳои IX-XII пеш аз мелод тааллуқ дорад. Хуҷанд, ки яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ мебошад, дорои сохтори пешрафтаи шаҳрдорӣ, аз ҷумла системаи васеи бо об таъмин намудани аҳолӣ ва корезҳо (канализация) ба шумор мерафт. Аз ин лиҳоз ҳангоми бурдани корҳои ҳафриётии соли 2019 аз ҳудуди Қалъаи Хуҷанд аз чоҳҳо ва хандақҳо чаҳор қубури обгузари пурра ва якчанд пораҳои он дарёфт гардидаанд. Бостоншинос Н.Раҳимов дар мақолаи худ “К истории водоснобжения крепости древнего Худжанда”, ки дар нашри Ахбори осорхонаи таърихии вилояти Суғд, №5 ба табъ расидааст, маълумот медиҳанд, ки қубурҳо чаҳор адад буда, се ададаш қубури обгузар ва яктояш қубури обтақсимкунӣ мебошад, ки дар қисмати сараш чор сӯрохӣ дорад.
Ҳамин тариқ кофтуковҳои археологӣ ва бозёфтҳои дар натиҷаи он дарёфтгардида пули пайванди гузашта бо имрӯз буда, барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва омӯзиши таҷрибаи ниёгон аҳамияти бузург доранд. Омӯзиши онҳо моро водор месозад, ки арзишҳои таърихиро эҳтиром намоем ва барои наслҳои оянда ҳифз кунем.
Маълумоти бештар оиди Қалъаи Хуҷанд ва дигар экспонатҳои ҷолиби толори бостоншиносии маҷмаа дар мақолаҳои навбатӣ пешниҳод мегардад.

Дилором Саидова - корманди илмии
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”