Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шӯъбаи таърихи давраи муосир

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз муассисаҳои бонуфузи таърихӣ – фарҳангӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар тӯли 100 сол фаъолияти худро дар самти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро ба роҳ мондааст. Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шаш шӯъбаҳо фаъолият мекунанд: шӯъбаи таърих, шӯъбаи таърихи давраи муосир, шӯъбаи оммавӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шӯъбаи фонд, шӯъбаи дастхатҳо ва таъбу нашр ва шӯъбаи сайёҳӣ.

Шӯъбаи таърихи давраи муосир яке аз бахшҳои муҳими илмӣ-тадқиқотии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошад. Ин шӯъба соли 2015 дар баробари ташкили маҷмааи фарҳагӣ-таърихӣ таъсис ёфт ва ба омӯзиши таърихи навтарини минтақа ва кишвар машғул гардид.

Таъсис ёфтани шӯъбаи таърихи давраи муосир дар соли 2015 дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” қадами муҳим дар рушди фаъолияти илмӣ ва фарҳагии осорхона ба ҳисоб меравад. Ин шӯъба барои омӯзиши таърихи навтарини Тоҷикистон, ҷамъоварии сарчашмаҳои таърихӣ ва баланд бардоштани маърифати таърихии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

Шӯъбаи таърихи давраи муосир яке аз қисми муҳим ва пурмазмуни осорхонаи таърихӣ ба ҳисоб рафта, ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии рӯйдодҳо, равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дар давраи навтарин бахшида шудааст. Давраи муосир асосан баъд аз Инқилоб оғоз ёфта, то замони имрӯзро фаро мегирад.

Кормандони ин шӯъба аъзоёни комиссияи харидорӣ буда, баҳри ғанигардонии хазинаи осорхона  экспонатҳое ҷамъоварӣ ва таҳқиқ мекунанд, ки рушди ҷомеаро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи нав нишон медиҳанд. Ҳуҷҷатҳои таърихӣ, аксҳо, ашёҳои рӯзгор, соҳаҳои саноатӣ ва дигар маводҳои таърихӣ ба меҳмонони осорхона имкон медиҳанд, ки бо воқеаҳои муҳими таърихи наздик шинос шаванд. Ба ҳар як нигораҳои нави воридгардида аз тарафи шӯъба тавсифномаи илмӣ тартиб дода мешавад. 

Шӯъбаи таърихи давраи муосир дар осорхонаҳо барои омӯзиши даврае таъсис дода мешавад, ки дар он тағйироти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба амал омадаанд.

Ташкили экспозитсия ва лавҳаҳои намоишӣ, ки равандҳои таърихии давраи навро инъикос мекунанд ва инчунин тартиб додани консепсияи илмӣ, нақшаҳои мавзӯӣ, матну зернавиштҳо саҳм мегузорад.

Кормандони шӯъба дар ташкили Хона – осорхонаи “Анора”, Осорхонаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол”,  Осорхонаи Қасри маданияти “Арбоб”, Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат варзида, ба онҳо доир ба ҷамъоварӣ, қайди бозёфтҳо, таҳияи консепсияи илмӣ ва нақшаҳои мавзӯӣ, созмон додани экспозитсияҳо ва ғайраҳо кӯмаки бевоситаи амалӣ расонидаанд.

Инчунин бо саъю кӯшиши кормандони илмӣ Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ, толорҳои намоишии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳавлиҳои ҳунармандон дар Қалъаи Хуҷанд созмон дода шуда, оиди ташкил шудани толорҳои намоишӣ консепсияи илмӣ, нақшаи мавзӯӣ, маълумот оиди хонаҳо ва зернавиштҳо ба ашёҳои таърихӣ тартиб дода шуд.

Кормандони шӯъбаи таърихи давраи муосир аъзои шӯрои илмӣ буда, ҳамасола мақолаҳо дар китоби Ахбори илмӣ ва сомонаи муассиса нашр мегардад.

Кормандони шӯъбаи таърихи давраи муосир дар баргузории конфронсҳои илмӣ, вохӯриҳо ва созмон додани гӯшаҳои намоишии ҷашнвораҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” саҳм мегузорад.

Кормандони шӯъба ба роҳбаладони осорхона дар бобати омӯхтан ва аз худ кардани мавзӯъҳои сайри илмӣ тавсия медиҳад, барои навиштани мақолаҳо  кӯмак мерасонад.

Фаъолияти илмӣ, ҷамъоварии сарчашмаҳои таърихӣ ва ташкили чорабиниҳои маърифатӣ имкон медиҳад, ки дониш дар бораи таърихи давраи муосир густариш ёбад. Аз ин рӯ, рушди фаъолияти чунин шӯъбаҳо барои пешрафти илми таърих ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа аҳамияти калон дорад.

Сайфияхон Исломова - корманди илмии

шӯъбаи таърихи давраи муосири 

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ  "Қалъаи Хуҷанд "

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesШӯъбаи таърихи давраи муосир
Scroll to Top