Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қадами нав дар рушди ҳамкорӣ миёни “Қалъаи Хуҷанд ва коллеҷи сайёҳӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 3 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, маросими муҳими ба имзорасии созишномаи ҳамкорӣ баргузор гардид. Ин созишнома миёни муассисаи мазкур ва Муассисаи давлатии “Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд” ба тавсиб расида, қадами нав дар рушди ҳамкориҳои соҳавӣ арзёбӣ гардиданд.

Созишномаи тарафайнро  Набизода Маҳфуза Раҳмат, директори МД “Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд” ва Иброҳим Иброҳимов, омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба имзо расониданд. Дар маросим намояндагони ду ҷониб устодон, донишҷӯён ва кормандони муассисаи мазкур иштирок доштанд.

Чорабиниро Иброҳим Иброҳимов бо сухани  ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳамияти густариши ҳамкориҳои илмиву амалии миёни муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангиро таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки имзои ин созишнома барои омода намудани мутахассисони ҷавон, бахусус волонтёрон ва роҳбаладони соҳибихтисос, ки забонҳои хориҷиро медонанд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки ин ҳамкорӣ дар остонаи таҷлили 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аҳамияти хоса дорад. Ба гуфтаи ӯ ҷалби ҷавонони фаъолу донишманд ба фаъолияти осорхона ва маҷмааи таърихӣ метавонанд, сатҳи хизматрасонӣ ва сайёҳиро баланд бардошта, муаррифии мероси фарҳангии кишварро дар арсаи байналмилалиро тақвият бахшанд.

Дар идомаи чорабинӣ, Набизода Маҳфуза Раҳмат низ андешаҳои худро баён намуда, омодагии муассисаи мазкурро барои ҳамкории зич, ташкили таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ иброз дошт.

Интизор меравад, ки татбиқи амалии созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи касбии донишҷӯён, рушди малакаҳои амалӣ ва тақвияти робитаҳои муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми маросими имзои созишномаи ҳамкорӣ, иштирокчиён дар фазои самимӣ ва руҳбаландӣ ба хотири гиромидошти ин рӯйдоди муҳим дар саҳнаи маъмурияти муассисаи фарҳангӣ сарҷамъ омада, акси хотиравӣ гирифтанд. Акси хотиравӣ, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ҳамдигарпазирӣ гирифта шуд, ки инъикосгари рӯҳияи мусбат, ҳамдилӣ ва иродаи қавии ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои минбаъда маҳсуб меёбад. Он на танҳо як лаҳзаи хотирмон, балки рамзи оғози марҳилаи нави муносибатҳои судманд ва созанда байни ду муассиса арзёбӣ гардида аз омодагии онҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои муштарак, муболилаи таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи фаъолияти касбӣ дарак медиҳад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҚадами нав дар рушди ҳамкорӣ миёни “Қалъаи Хуҷанд ва коллеҷи сайёҳӣ
Scroll to Top