Бо ташаббуси Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳайати меҳмонони олиқадри ду кишвари бародар ва ҳамсоя бо Эшбеков Раҳимҷон Раҳимқулович, муовини ноҳияи Бекободи Ҷумҳурии Узбекистон ва ҳокими ноҳияи Сулюкта Асилбек Женишбековичи Ҷумҳурии Қирғизистон, бахшида ба ҷашни пурифтихори Наврӯзи байналмиллалӣ ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлии ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуда, бо ганҷинаҳои фарҳангӣ ва таърихии диёр шинос шуданд. Сайри илмӣ ва таърихии меҳмононро роҳбаладони ботаҷрибаи муассисаи мазкур Иноятхон Мирзоева ва Дилором Саидова бо ҳавасу завқи том ҳамроҳӣ карданд, ки барои меҳмонон таҷрибаи беҳамто ва фаромушнашаванда фароҳам овард.
Меҳмонон таассуроти амиқ ва хотирмони худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” қайд намуданд. Онҳо бо хушҳолӣ ва муҳаббат аз меъморӣ, санъат ва ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд ситоиш ва таъкид доштанд, ки чунин ташрифҳо пайванду дӯстии байни кишварҳо ва халқҳоро боз ҳам мустаҳкам менамоянд. Ин дидор дар арафаи Наврӯз на танҳо як сайри фарҳангӣ буд, балки иқдоми муҳими дӯстӣ ва ҳамкории минтақавӣ шуморида шуд, ки барои мустаҳкам намудани равобити дӯстонаи Тоҷикистону ҳамсоягони бародар заминаи устувор мегузорад.
Меҳмонон аз осорхонаи таърихӣ ва аз толорҳои қалъаи таърихӣ гузар намуда, бо диққат ба санъати меъморӣ, нақшу нигори қадимӣ ва кундалкорӣ, дастхатҳои асили ниёгон назар карда, аз ҳунари беназири гузаштагон ва шеваҳои зебои тасвирӣ ба ҳаяҷон омада, изҳори нигаронӣ ва эҳтиром карданд. Ҳар як маводҳои нодир барои меҳмонон на танҳо манбаи омӯзиш ва кашфи таъриху фарҳанг буд, балки гувоҳе аз таърихи пурғановати миллати тоҷик ба шумор мерафт. Роҳбаладон бо тафсилотҳои илмӣ барои меҳмонон маънии ҳар як нақш ё ашёҳои таърихиро шарҳ доданд, ки сайри меҳмононро на танҳо ҷолиб, балки хотирмон гардонид. Сипас, меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ дидан намуда, бо намудҳои гуногуни ҳунарҳои қадима, аз ҷумла наққошӣ, ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ ва сангтарошӣ аз наздик ошно гардиданд. Онҳо бо таваҷҷуҳи хос тарзи зиндагӣ, асбобу анҷом ва муҳити рӯзгори гузаштагони ниёгонро мушоҳида намуда, ин манзараҳоро ҳамчун инъикосгари равшани таърихи арзёбӣ намуданд.
Меҳмонон таъкид намуданд, ки чунин макони таърихӣ ва фарҳангӣ на танҳо истеъдоди мардумро таҷассум мекунанд, балки барои зинда нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва муаррифии онҳо ба наслҳои оянда аҳамияти бузург доранд. Онҳо ба ҳифз ва рушди чунин мероси гаронбаҳо баҳои баланд дода, аз меҳмоннавозӣ ва фазои гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар фарҷомӣ боздид бо эҳсоси хотироти нек ба саҳнаи қалъаи таърихӣ ҷамъ омаданд. Онҳо дар он ҷо акси хотиравӣ гирифтанд, то лаҳзаҳои гуворо ва таассуроти фаромӯшнашавандаи худро аз ин макони пур аз таъриху фарҳанг ҳифз намоянд. Чеҳраҳои хандон ва фазои дӯстона нишон медод, ки боздид барои ҳар яки онҳо хотирмон ва пурмазмун гузаштааст.









Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”