Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Навъҳои хат дар толори намоишии “Қалъаи Хуҷанд”

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Хат – низоми аломатҳост, ки тавассути нақшу тасвирҳо робитаи одамонро таъмин менамояд. Хат ин ҳунар ё василае барои сабту навиштани андешаҳо бо истифода аз нишонаҳост. Хат ин аз ҳама ихтирооти бузурги башарият ба ҳисоб меравад ва дар ташаккули тамаддунҳо нақши муҳим бозидааст.

Хат бо таърихи башар алоқаи бевосита дорад, вай баробари пешравию тараққии ҷамъият такмил ёфт, суфта шуд  ва дар шакли имрӯзааш, то ба мо омада расид.

Дар толори намоишии “Ҳавзаи илмӣ-адабӣ шаҳри Хуҷанд”-и МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, дар як зершишаи он навъҳои хат хатҳои мехӣ, суғдӣ, авастоӣ ва настаълиқ ба маъразӣ тамошо гузошта шудааст.

Хати мехӣ – яке аз қадимтарин низоми хаттӣ ба ҳисоб меравад, ки тақрибан дар ҳазорсолаи IV дар Байнаннаҳрайн ихтироъ шудааст. Хусусияти асосии ин хат ба монанади мех буда, дар натиҷаи бо қаламча фишор додан дар болои гил навишта мешуд. Хатҳои чунин забонҳо ба монанди забонҳои шумерӣ, аккодӣ, угаритӣ, форсии қадим, эломӣ, хеттӣ ва ғайраҳо бо чунин хат навишта мешуданд. Барои сабт намудани забони форсии қадим низоми ҳиҷоии хати мехӣ истифода бурда мешуд. Барои намоиш нусхаи катибаи Бесутун оварда шудааст, ки он ба асри V пеш аз мелод тааллуқ дорад. 

Хати суғдӣ – дар асоси хати оромӣ дар ҳазораи I пеш аз мелод дар Суғди Қадим ихтироъ шудааст. Он барои мактубот, тиҷорат ва санаднигорӣ истифода бурда мешуд. Суғдиён ҳамчу тоҷирони фаъоли Роҳи Бузурги Абрешим дар дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ паҳн намуданд. Бо ин намуди хат нусхаи катибаи суғдӣ аз Димнаи Кӯлтеппаи Қазоқистон, ки ба асрҳои II - аввали IIIм тааллуқ дорад, ба намоиш гузошта шудааст.

Хати авастоӣ – Хати авастоӣ тақрибан дар асрҳои III-IV мелодӣ дар давраи Сосониён дар асоси хати оромӣ ихтироъ шудааст, ки он барои сабти “Авасто” истифода бурда мешуд. Пеш аз он матнҳои “Авасто” асосан шифоҳӣ аз насл ба насл нақл мешуданд. Барои он ки талаффуз ва матни аслӣ гум нашавад донишмандони ҳамон давр алифбои махсус сохтанд, ки онро хати авастоӣ. Намунаи дастхате аз Авасто. Вандидод. Фаргарди 2. Ривояти Ҷамшед, ки аз тарафи Маҳмудов Нурулло нусханависӣ шудааст ба маърази тамошо гузошта шудааст.   

Хати настаълиқ – яке аз намудҳои маъруфтарини хатти форсӣ ба ҳисоб меравад. Он аз хати арабӣ асос ёфтааст. Аз сабаби он, ки ин хат танҳо дар минтақаҳои Хуросону Мовароуннаҳр истифода бурда мешуд, онро инчунин, хати форсӣ ҳам меномиданд.

Ин хат дар мамолики араб паҳн нашудааст ва фақат дар Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва Ҳинду Покистон истифода бурда мешуд. Он дар асри XIV аз тарафи Миралии Ҳиравӣ асос гузошта шудааст, дар натиҷаи якҷоя кардани хатҳои насх ва таълиқ. Он бо шаклҳои нарм ва ҳаракати моил аз дигар хатҳои олам фарқ мекунад, ва яке аз зеботарин хат ба ҳисоб меравад. Хати настаълиқ бештар барои осори адабиёти форсу тоҷик истифода бурда мешуд, ва барои густариши фарҳанги хаттотӣ нақши муҳим бозидааст. Комилҷони Саидолим, ки яке аз хаттотони машҳур мебошанд, аз эҷодиёти шоир Фарзона намунаеро бо ин тарзи хат хаттотӣ кардаанд, ки ба намоиш гузошта шудааст.

Аминов Абубакр – корманди илмии шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”



Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНавъҳои хат дар толори намоишии “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top