Дар доираи корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани низоми нишондиҳии суроғаҳо дар шаҳр, имрӯзҳо дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳо нишонаҳои муосири суроға насб карда мешаванд. Ин иқдом ба хотири осон гардидани пайдо кардани маконҳо барои сокинон, меҳмонон ва бахусус сайёҳон амалӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои гузашта аксари биноҳо танҳо нишонаи умумии суроға доштанд.Бо вуҷуди он ки кӯчаҳо ном доштанд, маълумоти муфассал ва равшан барои роҳёбӣ на ҳамеша дастрас буд. Аз ин рӯ, имрӯз бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани инфрассохтори шаҳр, нишонаҳои нав бо тарҳи замонавӣ насб карда мешаванд.
Дар ҳамин замина, дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” нишонаи нави суроға гузошта шуд. Дар ин нишона номи кӯча ба номи академикҳо Раҷабовҳо ва рақами бино № 59 ба таври равшан инъикос ёфтааст. Ин нишона бо тарҳи муосир сохта шудааст ва шабонарӯз барои дидан қулай аст. Чароғакҳои он равшании қавӣ медиҳанд ва онро аз масофаи дур низ дидан мумкин аст.
Метавон гуфт, ки насби чунин нишонаҳо на танҳо ба зебогии шаҳр ҳусни тоза мебахшад, балки барои роҳнамоии меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ, ки бо забон тоҷикӣ ва англиси навишта шуда, низ хеле муфид мебошад.Зеро сайёҳоне, ки ба тамошои осорхонаи таърихӣ меоянд, бо истифода аз ин гуна нишонаҳо метавонанд ба осонӣ пайдо намоянд.
Ин амали нек як ҷузъи муҳими рушди инфрасохтор буда, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонон мусоидат мекунад.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
