Дар оғози асри ХХ вазъи саводнокии занони тоҷик хеле паст буд. Монеаҳои иҷтимоӣ, маҳдудиятҳои анъанавӣ ва норасоии муассисаҳои таълимӣ сабаб гардиданд, ки қисми зиёди духтарон аз таҳсил дур монанд. Дар чунин шароити таърихӣ масъалаи ҷалби занон ба маориф ба як вазифаи муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта буд.
Дар ҳамин марҳилаи муҳим шахсияти барҷастаи давлатӣ ва илмӣ — Бобоҷон Ғафуров — вориди саҳнаи таърих гардид. Ӯ ҳамчун роҳбари давлат ва сиёсатмадори дурандеш аҳамияти рушди маорифро ҳамчун заминаи асосии пешрафти ҷомеа ба хубӣ дарк мекард. Махсусан, масъалаи таҳсили занон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати маърифатпарваронаи ӯ қарор дошт.
Дар давраи роҳбарии Бобоҷон Ғафуров тамоми шохаҳои муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас густариш ёфт. Мактабҳои нав бунёд гардиданд, таҳсили ҳатмии ибтидоӣ ҷорӣ шуд ва тадриҷан таҳсили миёна низ фарогир гардид. Ин раванд ба духтарон имконият дод, ки дар баробари писарон ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолият омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ буд. Зеро барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, пеш аз ҳама, мутахассисони босавод зарур буданд. Дар ин замина, ҷалби духтарон ба донишкадаҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ тақвият ёфт. Шумораи донишҷӯдухтарон сол то сол меафзуд, ки ин нишондиҳандаи тағйироти мусбати иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт.
Сиёсати маърифатпарваронаи замон боиси болоравии мақоми иҷтимоии зан гардид. Занони тоҷик на танҳо соҳиби маълумоти миёна ва олӣ шуданд, балки ҳамчун омӯзгор, табиб, муҳандис ва корманди давлатӣ фаъолият намуданд. Саводнокӣ ба онҳо имконият дод, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ иштироки фаъол дошта бошанд, ки мисоли равшани ин гуфтаҳо ин занҳои фаъоли он давра Ибодат Раҳимова, Мизорамоҳ Зарипова, Фатила Гадойбоева, Анзурат Раҳимова, Тоҷиниссо Ғафурова ва даҳҳо дигарон буданд. Дар баробари фаъолияти давлатӣ, саҳми илмии Бобоҷон Ғафуров низ хеле назаррас аст. Рисораи номзадии ӯ маҳз дар ҳамин мавзӯъ “Фаранҷӣ ва ҳуруфоти диниро барҳам диҳем”, соли 1940 бахшида шуда, дар он Бобоҷон Ғафуров ҳамаи самтҳои саводноккунии занонро мавриди таҳлили илмӣ қарор додаанд, тасодуфи нест, ки солҳои сиюм ва чиҳилум мақолаҳои ӯ “Озодии занон ва дин”, “10 сол ва зани озодшуда”, “Ба муқобили фаранҷӣ”, “Занони озоди Тоҷикистон” ва амсоли онҳо ба табъ расонидааст.
Бояд таъкид кард, ки болоравии сатҳи саводнокии занон танҳо як нишондиҳандаи оморӣ набуд, балки он тағйироти амиқи иҷтимоиро ба миён овард. Занони босавод дар тарбияи насли нав нақши калидӣ мебозанд. Аз ин рӯ, сиёсати рушди маориф, ки дар замони Бобоҷон Ғафуров амалӣ гардид, барои ояндаи миллат заминаи устувор гузошт.
Натиҷаҳои ин сиёсат дар даҳсолаҳои минбаъда равшан эҳсос гардиданд. Тоҷикистон дорои қишри васеи занони зиёӣ гардид, ки дар соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ ва маориф фаъолона саҳм гузоштанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ ба таҳсили занон сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Агар мо ба раванди таърихии рушди мақоми зан дар ҷомеаи тоҷик назар афканем, равшан мегардад, ки сиёсати маърифатпарваронае, ки аз ҷониби Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардида буд, дар даврони соҳибистиқлолӣ низ идома пайдо кардааст.
Имрӯз идомадиҳандаи ин анъанаи наҷиби давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар сиёсати иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.
Дар даврони соҳибистиқлоли қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва ҷалби онҳо ба фаъолияти давлатӣ қабул ва амалӣ гардидаанд.
Агар дар замони Бобоҷон Ғафуров заминаи густариши саводнокӣ ва таҳкими низоми маориф гузошта шуда бошад, дар даврони соҳибистиқлоли ин раванд ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Имрӯз занони тоҷик на танҳо дар соҳаи маорифу тандурустӣ, балки дар соҳаҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия, мақомоти судӣ, соҳаҳои иқтисод ва соҳибкорӣ низ фаъолона ширкат меварзанд.
Махсусан, таваҷҷуҳи давлат ба таҳсили духтарон аз минтақаҳои дурдаст, таъсиси квотаҳои президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин дастгирии кадрҳои ҷавони зан далели равшани идомаи сиёсати маърифатпарварона мебошад.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки сиёсати давлатии баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, ки дар миёнаи асри ХХ аз ҷониби Бобоҷон Ғафуров таҳким ёфта буд, имрӯз дар шароити соҳибистиқололи бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мазмун ва муҳтавои нав идома дорад.
Ин пайдарпайии таърихӣ нишон медиҳад, ки масъалаи рушди маърифати занон ва баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии онҳо танҳо як масъалаи иҷтимоӣ набуда, балки самти муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз давраҳои гуногуни таърихӣ то имрӯз, ҷомеа тадриҷан ба хулосае омадааст, ки пешрафти устувори кишвар бе иштироки фаъолонаи занон имконнопазир аст. Баланд бардоштани маърифати занон на танҳо ба беҳбудии онҳо, балки ба рушди оила, тарбияи насли солим ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа таъсири мусбат мерасонад. Зани босавод ва фаъол метавонад дар таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва устувории ҷомеа нақши муҳим бозад.
Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба ин масъала хусусияти пайгирона дошта, нишон медиҳад, ки сиёсати давлат дар самти таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа оянда низ идома хоҳад ёфт.
Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
