Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳ ва Қалъаи Хуҷанд

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 26 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, байни Муъминзода Шероз Абдуҷаббор – ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Иборҳим Иброҳимов – омири кулли муассисаи мазкур созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Созишномаи тарафайн ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва кушодани Маркази рушди касбияти кафедраи забонҳои хориҷиро дар назди муассиса пешбинӣ менамояд.

Дар ҷаласа устодон, донишҷӯён, намояндагони воситаи ахбори омма ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Иброҳим Иброҳимов - омири кулли муассиса зимни суханронӣ оид ба фаъолияти осорхонаи таърихӣ, дастовардҳо ва омодагӣ ба истиқболи таъсисёбии ҷашни 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маълумот дода, ҳозиринро бо фаъолияти меҳнатии  кормандон шинос намуд.

Сипас, сухан ба ректори донишгоҳ Муъминзода Шероз Абдуҷаббор дода шуд. Ӯ дар баромади худ бо лаҳзаҳои фараҳбахши ҳамкорӣ изҳори минатдорӣ баён намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки яке аз хатмкунандаи донишгоҳи мазкур Аминов Абубакр донандаи забонҳои хориҷӣ дар ин муассисаи бонуфуз ҳамчун корманди ходими илмии шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр фаъолияти пурсамар дорад. Ректор зикр намуд, ки чунин дастовардҳо самараи заҳмати устодон ва талошҳои худи донишҷӯён буда, боиси ифтихор ва сарфарозии ҷомеаи донишгоҳ мебошад.

Дар идома мавсуф гуфт, ки ифтитоҳи Маркази рушди касбияти кафедраи забонҳои хориҷӣ имконият фароҳам меоварад, ки донишҷӯён донишу малакаи худро такмил дода, дар муассисаи фарҳангӣ фаъолияти назаррас намоянд.

Дар фарҷоми суханронӣ ректор изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда густариш ёфта, барои тарбияи мутахассисони баландихтисос ва рушди илму фарҳанг мусоидат хоҳад кард.

Сониян, созишномаи ҳамкории муштарак дар фазои тантанавӣ ва ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷӯён, намояндагони воситаи ахбори омма ва кормандони муассисаи мазкур ба имзо расонида шуданд.

Ин созишнома заминаи ҳуқуқии таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва фарҳангиро миёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фароҳам меоварад.

Дар анҷоми маросим ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати татбиқи босамари бандҳои созишнома ва таҳкими минбаъдаи равобити судманд таъкид намуданд.

Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesИмзои созишномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳ ва Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top