Дар авроқи таърихи ин ё он давлату миллат номи шахсият ва чеҳраҳое мондагор хоҳад буд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва мероси моддию маънавии халқи худ хидмати шоиста анҷом додаанд. Ин афрод дар самту соҳаҳои гуногун содиқона кору фаъолият карда, аз худ номи нек боқӣ мегузоранд, ки барои дигарон қобили пайравӣ хоҳад буд. Яке аз чунин шахсиятҳои шинохта ва фидоии илму фарҳанг Дадохӯҷаев Файзихӯҷа мебошанд, ки тӯли 45 сол дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун муовини директор оид ба корҳои илмӣ фаъолият намудааст. Номбурда 1 сентябри соли 1935 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Ёва таҳсилро аз соли 1953 дар Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, онро соли 1958 бомуваффақият хатм намуда, соҳиби ихтисоси тарҷумон аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ гардид.
Ӯ фаъолияти меҳнатиашро дар нашриёти давлатии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) дар вазифаи коромӯз-муҳаррир, муҳаррири хурди адабиёти бадеӣ оғоз намуда, баъдан ба вазифаи муҳаррир кор кардааст.
Дадохӯҷаев Ф. Бинобар вазъи оилавӣ соли 1961 ба зодгоҳаш баргашта, ба Раёсати фарҳанги вилояти Ленинобод ба ҳайси назоратчии калон ба кор шурӯъ менамояд. Аз сабаби барҳам хӯрдани ин муассиса ӯ соли 1962 фаъолияти кории худро дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Ленинобод аввал дар вазифаи ходими калони илмии шӯъбаи таърихи давраи советӣ (шӯравӣ), сипас мудири шӯъбаи таърих идома медиҳад.
Дониш, қобилияти илмӣ доштани Дадохӯҷаевро ба назар гирифта, маъмурияти осорхона ӯро соли 1968 ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ таъин менамояд, ки ӯ дар ин вазифа то соли 2003 фаъолияти пурсамар бурдааст.
Баъди ба нафақа рафтан ҳам ӯ то соли 2011 фаъолияти худро дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба сифати мудири шӯъбаи таърих идома медиҳад.
Ӯ дар созмон додани осорхонаҳои “Таърихи комсомоли вилояти Ленинобод”, “Осорхонаи муборизи фаъол барои ташкил ва мустаҳкам намудани ҳукумати шӯравӣ ва сохтмони ҷамоавӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ Дадобой Холматов (Дадобой Сумчак), дар ташкили Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара (соли 1970 ба истиқболи 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин) саҳми босазо гузоштааст.
Соли 1986 роҳбарияти хоҷагии ҷамоавии ба номи В.И.Ленини ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷ.Расулов), ки сарвари он ду карат қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Абдуғафур Самадов буд, ба идораи фарҳанги вилоят муроҷиат намуд, ки барои созмон додани осорхонаи хоҷагӣ мутахассисони осорхона ёрӣ расонанд. Идораи фарҳанг барои иҷрои ин амал Дадохӯҷаев Ф. – ҷонишини директор оид ба корҳои илмиро ӯҳдадор намуд.
Ӯ таърихи деҳаи Ғӯлакандоз, ҳисоботи хоҷагии ба номи В.И.Ленинро аз аввали таъсиси он омӯхта, дар асоси бозёфтҳои мавҷуда (онҳоро аз забони ӯзбекӣ ба русӣ ва тоҷикӣ тарҷума карда) нақшаи мавзӯи намоишии осорхонаи хоҷагиро тартиб дод, баъди муҳокимаи роҳбарони хоҷагии мазкур ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва бо якҷоягии рассомон ба созмон додани намоиши осорхонавӣ шурӯъ намуд. Намоишгоҳ аз таърихи қадимтарини деҳаи Ғӯлакандоз оғоз ёфта, пешрафти онро то солҳои 80-уми асри ХХ дарбар мегирифт. Хоҷагии ҷамоавии ба номи В.И.Ленин хеле бузург ва серсоҳа буда, комёбиҳои ҳамаи соҳаи он (истеҳсоли ғалла, шир, маҳсулоти боғу полезӣ) дар намоишгоҳи осорхона аз рӯи санаду ҳуҷҷатҳо акс ёфтааст.
Ӯ ҳамчунин дар азнавсозии осорхонаи хоҷагии ҷамоавии “Москва” (ҳоло ба номи С.Ӯрунхоҷаев)-и ноҳияи Б.Ғафуров ширкат варзида, доир ба ҷамъоварӣ, қайди бозёфтҳо, таҳияи нақшаҳои мавзӯӣ-экспозитсионӣ, созмон додани экспозитсияҳо кӯмаки бевоситаи амалӣ расонидааст.
Ӯ марди оқилу доно, дар зиндагӣ пурсабр, ҳамеша ғарқи хаёли он буд, ки корҳои илмӣ пеш раванд, толорҳои намоишии осорхона беҳтарин дар байни осорхонаҳо бошад ва саъю кӯшиш менамуд, ки кадрҳои ихтисосмандони беҳтарини соҳаи осорхонашиносиро тарбия намояд.
Ӯ дар давоми фаъолияти кории худ якчанд маротиба нақшаи мавзӯи экспозитсионии осорхонаро ҳам дар бинои Масҷиди Шайх Маслаҳатдин, ҳам дар Қалъаи Хуҷанд, ҳам дар бинои тарабхонаи “Панҷшанбе” таҳия намуда, экспозитсияи толорҳои намоишии аз рӯи даврабандии таърихии китоби академик Б.Ғафуров “Тоҷикон” созмон додааст. Ӯ ба вазъи саломатии худ нигоҳ накарда, шабу рӯз ба тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, навиштани нақшаҳои мавзӯӣ-экспозитсионӣ машғул шуда, ҳамеша ба мутолиаи адабиётҳои соҳаи осорхонашиносӣ, таърихӣ саргарми кор буд.
Ӯ ҳам нисбати худ ва кормандон хеле серталаб буд. Ин буд, ки бисёр дастпарварони Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод, ҳоло Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба унвонҳои баланди илмӣ соҳиб шуда, дар ҳамаи соҳаи хоҷагии халқ фаъолият бурда истодаанд.
Ҳарчанд устоди некном имрӯзҳо бо мо нестанд, вале бо ихлосу самимияти беандоза шогирдон ёди неки ӯро мекунанду хотироташро гиромӣ медоранд.
Мирзоева И.П. - Роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти
Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”