Аҷубасозӣ яке бахшҳои муҳими адабиёти бадеӣ ба ҳисоб меравад, ки таввасути он камбудиҳо, нуқсонҳо ва ҷиҳатҳои манфии ҷомеа, шахс ё воқеа бо забони хандаовар ва мазҳакавӣ ифода меёбанд.
Мақсади асосии аҷубасозӣ на танҳо хандонидани хонанда ё бинанда аст, балки бедор намудани тафаккури танқидӣ, ҳушдор додан аз беадолатӣ ва ислоҳи камбудиҳои иҷтимоӣ мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки сухани “аҷуба” маънои чизи ғайриодӣ, хандаовар ва ҷолибро ифода мекунад. Аҷубасозӣ бошад, санъати офаридани ин гуна ҳолатҳо мебошад. Дар адабиёт ва санъат , аҷубасозӣ бо воситаҳои гуногун ба монанди муболиға, масхара, тамсил, мазҳака ва иронияву сатира амалӣ мегардад. Бале, дар адабиёти тоҷик, аҷубасозӣ ҳамеша ҳамчун воситаи ахлоқӣ ва иҷтимоӣ хизмат мекунад.

Аҷубасозӣ оинаест, ки ҷомеа худро дар он мебинад. Вақте ки ҳаҷвнигор беадолатӣ, танбалӣ ё риёкориро ба мазҳака мекашад ӯ дар асл мехоҳад, ки мардумро бедор кунад ва онҳоро ба беҳбудии ахлоқ ва муносибат даъват намояд. Аз ин рӯ аҷубасозӣ танҳо бо ихтироъ ё ҳунар маҳдуд намешавад он дар ҳар як соҳаи зиндагӣ зоҳир мегардад, дар илм, санъат, адабиёт, меъморӣ ва ҳатто ба муносибатҳои инсонӣ.
Инсон аз замонҳои қадим мехост аз дигарон фарқ кунад ва бо офаридани чизҳои нав номи худро дар таърих гузорад. Аз ҳамин рӯ, аҷубасозӣ ба пешрафти тамаддун мусоидат кард, ки ихтироъкорон, рассомон, шоирон ва навоварон бо зеҳну зебоиандешии худ ҷаҳонро дигаргун карданд. Аҷубасозӣ на танҳо қобилият , балки далериро ҳам талаб мекунад. Касе ки мехоҳад аҷоиб биофарад, бояд аз доираи маъмул берун барояд, хатогиро напарҳезад ва ба орзуҳои худ боварӣ дошта бошад. Зеро ки ҳар аҷоиби бузург аз як хаёли одӣ оғоз мегардад.
Зикр намуд, ки ҳунарманд он касест, ки бо меҳру ҳунари худ ба ашёҳои одӣ ҷон мебахшад ва онҳоро ба асари санъат табдил медиҳад. Метавон гуфт, ки ҳунармандони мардумӣ аз қадимулайём дар тӯли таърих бо аҷубасозӣ машғул буданд. Масалан, дар кишвари Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ чун атласбофӣ, чакандӯзӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, инчунин офаридани санъати аҷубасозӣ аз замонҳои қадим реша давонида аз насл ба насл мерос мондаанд. Ҳар яке аз ин ҳунарҳо ҷаҳонбинӣ, зебоишиносӣ ва завқи баланди мардуми тоҷикро таҷассум намуда, то ба имрӯз бо рангорангӣ, нозуккорӣ ва мазмуни рамзии худ бинандаро ба ҳайрат меоварад. Ин навъҳои ҳунар на танҳо воситаи рӯзгор . балки оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди гузашти асрҳо, ҳунармандони мардумӣ анъанаҳои ниёгонро ҳифз намуда, бо нафаси тоза ва андешаи эҷодӣ онҳоро такмил додаанд. Маҳз ҳамин пайвандҳои гузаштаву имрӯз аст, ки ҳунарҳои мардумии кишвари Тоҷикистонро ҷолиб, зинда ва барои ҷаҳониён шоистаи таваҷҷуҳ мегардонад.

Ёдовар бояд шуд, ки яке аз кӯчаҳои шаҳри Истаравшан, номе ҳаст, ки бо номи ҳунарманди маъруфи мардумӣ Ғафур Халилов ( 1906- 1989 ) гузошта шудааст, ки худ далели арҷгузорӣ ба саҳми ӯ дар рушди ҳунарҳои суннатии миллӣ мебошад. Усто Ғафур тамоми умри хешро ба ҳунари аҷубасозӣ бахшида, пеш аз ҳама бо офаридани бозичаҳои гилин шуҳрат ёфтааст. Маҳсули дасти ӯ на танҳо ашёи бозӣ, балки намунаҳои нодири санъати мардумӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо унсурҳои зебоишиносӣ, тасаввуроти мардумӣ ва ҷаҳонбинии анъанавии халқи тоҷик таҷассум ёфтаанд. Бозичаҳои гилини Усто Ғафур бо содагӣ, ҳамзамон бо мазмуни рамзӣ ва шаклҳои образнок фарқ намуда, таваҷҷуҳи ҳам кӯдакон ва ҳам муҳаққиқони соҳаи фарҳангро ҷалб менамоянд. Фаъолияти эҷодии ӯ дар ҳифз ва идомаи анъанаҳои қадимаи аҷубасозӣ нақши муҳим бозида , ҳамчун мактаби омӯзишӣ барои наслҳои ҷавони ҳунарманд хизмат кардааст. Ба ин маънӣ, номи Ғафур Халилов на танҳо ба як кӯча, балки ба таърихи фарҳанги мардумии Истаравшанва умуман Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳунари усто Ғафур бо оӯоз ва идомаи наслҳо пойдору зинда мондааст. Анъанаи аҷубасозие, ки ӯ поягузорӣ намуд, имрӯз аз ҷониби фарзандон ва махсусан наберааш Эргашбой Ғафуров идома меёбад. Ин пайдарҳамии наслҳо гувоҳ аз он аст, ки ҳунар танҳо маҳсули истеъдоди як шахс набуда, балки арзиши волои фарҳангӣ ва оилавӣ маҳсуб меёбад. Дар ин хонавода ҳунар ҳамчун мактаби зиндагӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, бо худ таҷриба, ҷаҳонбинӣ ва руҳи эҷодиро мебарад. Маҳз ҳамин идомати суннат аст, ки ҳунари аҷубасозии Усто Ғафурро на танҳо ҳифз, балки ба як мероси зиндаи фарҳангии мардумӣ табдил додааст ва имрӯз ҳам диққати дӯстдорони санъатро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамин тавр, номи Ғафур Халилов ба рамзи ҳунари аҷубасозӣ дар шаҳри Истаравшан табдил ёфтааст, ки бо дастони худ на танҳо лойи гилинро балки умед ва фарҳанги тоҷиконро шакл додааст.
Дар баробари тараққӣ намудани санъати гилкорӣ санъати кулолгарӣ инкишоф ёфта, дар аҳди қадим ҳунармандон дар сохтани аҷуба, ҳайвончаҳои фантастикӣ оғоз карда буданд.
Мо , калонсолон хуб дар ёд дорем, ки дар айёми кӯдакӣ бо бозичаҳои гилин саргарми бозӣ мешудем. Ин бозичаҳои дастӣ, ки бо маҳорати ҳунари мардумӣ омода мешуданд, танҳо василаи фароғат набуда, балки дорои аҳамияти фарҳангӣ ва тарбиявӣ буданд. Онҳо кӯдаконро ба меҳнатдӯстӣ, зебоишиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят мекарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин бозичаҳо ҳамчун таҷассуми фарҳанги моддии тоҷикон дар ташаккули тафаккури эҷодӣ ва ҳисси масъулияти иҷтимоии кӯдакон нақши муассир доштанд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва эҳёи бозичаҳои анъанавӣ метавонад барои рушди тафаккури фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аҳамияти ҷиддӣ дошта бошад. Кӯдакон аз рӯзҳои аввали зиндагиашон бо бозичаҳо шинос мешаванд, бозичаҳои дӯстдоштаашонро доранд ва онҳоро тамоми умр аз ёд намебароранд. Масалан барои “хоначабозӣ” духтаракон ба модарон тақлид карда зарфчаҳоро месозанд, лек писарбачаҳо бошанд , бозичаҳои ҳуштакдорро дӯст медоранд. Бештар ҳунармандони мардумӣ барои сохтани бозичаҳои гилин дар шакли ҳайвонҳои афсонавии ҳуштакдор ҳам месохтанд. Дигаре, хусусияти хоси аҷубасозӣ дар он аст, ки ба ҳар персонажҳои афсонавӣ масалан, Афандӣ бо хари худ, Қорӣ ишкамба, доиразан , аждаҳо ва дигаре , ки кӯдакон ки чӣ будани онҳоро бояд шиносанд ва гуфта тавонанд. Ҳамаи персонажҳои бозичаҳо гардани дарози ғайриодӣ ё ҷеҳраҳои хандаовар доранд, ки баъзеашон гӯш ё биниашон дароз ба монандиқаҳрамонони афсонавии Буратино ё табиби машҳур Доктор айболитро ба хотир меоваранд. Дар ҳар кадоми онҳо як ҷаҳон маънои афсонавӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро аз дил эҷод мекунанд ва ҳамин аст, ки асарҳояшон ба дил ҷой мегирад.
Имрӯз, вақте ки технологияи муосир босуръат рушд мекунад, аҳамияти ҳунари дастӣ боз ҳам бештар шудааст, зеро ки он моро бо решаҳои фарҳангии қадима ва инсонӣ мепайвандад. Ҳунарманди мардумӣ ҳунари аҷубасозии худ на танҳо асар меофарад, балки руҳи миллати тоҷикро зинда медорад. Пас, метавон гуфт, ки аҷубасозӣ дар эҷодиёти ҳунармандон рамзи зебоӣ, меҳнат, таърих ва фарҳанг мебошад. Онҳо чизи одиро ба асари нодир табдил медиҳанд ва бинандаро ба дунёи хаёлии афсонавӣ мебаранд. Яъне, аҷубасозӣ яке аз зеботарин неруҳои инсонӣ аст, ки ҷаҳонро пур аз рангу нурафканӣ мекунад. Ҳунармандон бо ақлу дил ва ангуштони сеҳрангези худ зебоиро меофаранд ва онро ба дигарон эҳдо мекунанд. Онҳо ба зиндагӣ маънои тоза мебахшанд, анъанаҳои миллиро зинда нигоҳ медоранд. Ҳар гоҳ инсон бо муҳаббат ва эҷодкорӣ кор мекунад ӯ аҷубасоз мешавад, фарқ надорад, ки рассом аст, кулолгар, наққош, чакандӯз ё навозанда.

Аҷубасозӣ ин на танҳо ҳунар, балки дунёбинии зебо ва эътиқод ба қудрати инсон мебошад. Зеро аҷубасозӣ ин нури дил ва зебоии ҷовидонаи инсон аст.
Қобили зикр аст, ки дар растаҳои ҳунармандони мардумии Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”, асарҳои зебо, нодирва аҷубасозӣ ҳунари дастӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ки қаҳрамонони афсонаву ривоятҳои бостони халқи тоҷикро таҷассум мекунанд. Ин маҳсули эҷоди ҳунармандони маҳаллӣ бо сабки хос ва мазмуни фарҳангӣ офарида шуда, таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд ва аксаран ҳамчун арғумони хотиравӣ харидорӣ мекунанд.
Хусусан дар соли ҷашни 100- солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, чунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти вижагӣ дорад, зеро онҳо идомаи зиндаи анъанаҳои фарҳангиву таърихии мардуми минтақа ба шумор мераванд. Осорхонаи таърихӣ дар тӯли як аср ҳамчун нигоҳдоранда ва муаррифгари мероси моддиву маънавӣ хизмат намуда , имрӯз низ дар ҳамбастагӣ бо ҳунармандони мардумӣ барои ҳифз, эҳё ва тарғиби арзишҳои миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”