Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дидан аз қалби таърихи тоҷикон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 11 феврали соли равон роҳбари маркази илм ва фарҳангӣ Русия дар Тоҷикистон Патрушев Андрей Валерьевич ва Роҳбари маркази илм ва фарҳангӣ Русия дар шаҳри Хуҷанд Степанова Татьяна Игоревна аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд, ки ин боз як далели равшани нуфузу аҳаммияти байналмилалии ин макони таърихӣ мебошад.

Меҳмоноро Омири кулли муассиса И. Иброҳимов пешвоз гирифтанд ва аз тарафи роҳбалади осорхона Мирзоева И. сайри илмӣ гузаронида шуд.

Зимни шиносоӣ бо толорҳои намоишии осорхона ва аз мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик бархурдор гардиданд.

Дар китоби меҳмонони фахрӣ чунин ибороз нгамуданд:

Очень рад был посетить ваш потресающий музей с интересной историей, современными экспозициями. От всей души желаю музею развития и успеха в вашем деле просвещения сохронения истории. Выполняьте важную миссию с сохронения исторической памяти древнего народа Таджикистана!

С огромным уважением вашему труду, Патрушев А.В.

Ин суханон на танҳо арзёбии баланд ба фаъолияти осорхона, балки эътирофи саҳми таърихии халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.



Осорхонаи таърихии вилояти Суғд имрӯз ба як маркази муҳими муаррифии таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон табдил ёфта, таваҷҷуҳи меҳмонони баландмақом, олимон ва сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Ҳар як боздид аз ин макон саёҳате аст ба умқи ҳазорсолаҳо, ки дар он гузашта бо имрӯз пайванд мехӯрад.

Боздиди меҳмонон боз як бори дигар собит намуд, ки осорхона на танҳо нигаҳбони таърих, балки пайвандгари фарҳангӣ байни халқҳост.


Шовазир Муродҷони – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesДидан аз қалби таърихи тоҷикон
Scroll to Top