Шӯриши миллию озодихоҳонаи соли 1916 яке аз саҳифаҳои муҳими таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Ин шӯриш ҳамчун посух ба сиёсати мустамликадории подшоҳии Русия, хусусан фармони сафарбаркунии аҳолии маҳаллӣ ба корҳои ақибгоҳӣ, ба вуқуъ пайваст. Дар ин ҳаракати халқӣ намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занон низ иштироки фаъол доштанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста Ходимиҷамолак Бибисолиҳа Қобилҳуҷаева мебошад, ки дар шӯриши соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд нақши муҳим бозидааст.
Дар ибтидои асри XX сиёсати иҷтимоию иқтисодии ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Марказӣ боиси норозигии оммавӣ гардид. Фармони 25 июни соли 1916 дар бораи ҷалби мардони маҳаллӣ ба корҳои иҷбории ҳарбӣ сабаби асосии сар задани шӯришҳо шуд. Дар шаҳри Хуҷанд низ мардум ба муқобили зулм ва беадолатӣ бархостанд.Бибисолиҳа Қобилҳуҷаева ҳамчун зани фаъол ва шуҷоъ дар ташкили ҳаракати эътирозӣ саҳми назаррас гузошт. Ӯ дар миёни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, онҳоро ба муқовимат ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ даъват менамуд. Ходимиҷамолак Бибисолиҳа дар ҷамъоварии иттилоот, расонидани хабарҳо байни иштирокчиёни шӯриш ва дастгирии маънавии шӯришгарон нақши муҳим бозидааст.
Башида ба ин мавзӯъ дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд махсус экспозитсияи намоишӣ ташкил карда шудааст. Дар ин экспоситсия мусаввараи рафти шӯриши соли 1916, ки аз тарафи рассоми номи А.П. Лим тасвир гардидааст. Ҳамчунин аксу ҳуҷҷатҳои ба Ходимиҷамолак Бибисолиҳа Қобилхӯҷаева тааллуқдошта низ ҷой дода шудааст.

Шӯриши соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд намунаи равшани муборизаи халқи тоҷик барои адолат ва озодӣ мебошад. Саҳми Ходимиҷамолак Бибисолиҳа Қобилҳуҷаева дар ин ҳаракат гувоҳи он аст, ки занон дар таърихи миллат ҷойгоҳи хос доранд. Омӯзиш ва муаррифии фаъолияти чунин шахсиятҳо, хусусан тавассути осорхонаҳо, барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва тарбияи насли оянда аҳамияти махсус дорад.
Юлдошева Умеда – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”