Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саразм- гаҳвораи тамаддуни башарӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Қалъаи таърихии Хуҷанд ҳамчун яке аз марказҳои муҳими ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси фарҳангии халқи тоҷик  мақоми хоса дорад. Ин ёдгориҳои нодир на танҳо ҳамчун объекти меъморӣ, балки  ҳамчун муассисаи фарҳангиву таърихӣ хизмат мекунад, ки дар он арзишҳои моддӣ ва маънавии  гузаштагони ниёгон ҷамъоварӣ, ҳифз ва ба ҷомеа пешниҳод мегарданд. Дар толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ  осори гуногуни бостоншиносӣ, таърихӣ ва этнографӣ дар баробари асарҳои санъати тасвирӣ ба маърази  тамошо гузошта шудаанд. Ин намунаҳо марҳилаҳои гуногуни ташаккулёбии тамаддуни тоҷикон, сатҳи рушди фарҳанг, ҳунар ва тафаккури бадеии гузаштагонро инъикос мекунад. Яке аз намунаҳои арзишманд ва ҷолиби диққат мусаввараест, ки ба  Мамнуъгоҳи бостонии Саразм бахшида шудааст, онро Абдураҳим Ҷабборов - рассоми маъруф, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Руссия ва Федератсияи байналмиллалии рассомон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон офаридааст. Асар дар рӯи холст бо рангҳои равщанӣ кашида шуда, дар он манзараи шаҳраки бостонии Саразм, бозёфтҳои нодири он ва симои кашфкунандаи ёдгорӣ- бостоншинос  Абдуллоҷон Исҳоқов  таҷассум ёфтаанд.

Саразм яке аз муҳимтарин ёдгориҳои  бостоншиносӣ дар Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аҳамияти таърихию фарҳангии он дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Қайд намуд, ки ин макон соли 2010 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуда, ҳамчун яке аз нахустин марказҳои ташаккули тамаддун дар Осиёи Марказӣ шинохта мешавад. Таҳқиқоти илмӣ собит менамояд, ки дар ин сарзамин ҳанӯз дар ҳазораҳои  IV-III пеш аз милод ҷомеаи муташаккил бо иҚтисоди рушдёфта ва фарҳанги щанӣ зиндагӣ мекарданд.

Саразм дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, тақрибан 15 километр дуртар аз шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. МавҚеи мусоиди ҷущрофӣ, заминҳои ҳосилхез, мавҷудияти об ва роҳҳои табии робита барои рушди кишоварзӣ ва тиҷорат шароити мусоид фароҳам оварда буданд.

Бояд зикр намуд, ки ин ёдгорӣ соли 1976 аз ҷониби бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст. Аз ҳамон давра корҳои ҳафриёти бостоншиносӣ ощоз ёфта, олимон Қабатҳои гуногуни фарҳангии Саразмро муайян намуданд. Масоҳати шаҳраки Қадима беш аз 100 гектарро ташкил медод, ки барои давраи худ далели равшани  мавҷудияти як маркази бузург ва пешрафтаи аҳолинишин ба шумор мерафт.

Саразм ҳамчун яке аз аввалин марказҳои шаҳрсозӣ ва тамаддуни Қадима дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хосае дорад. Муаррифии он дар Қалъаи таърихии Хуҷанд, бо василаи  мусаввара на танҳо арзиши эстетикӣ дорад, балки ҳамчун манбаи муҳими илмӣ - таълимӣ низ хизмат намуда дар баланд  бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси фарҳангии халқи тоҷик  саҳми назаррас мегузорад.

Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҷашни  таъсисёбии 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қарор дорем ва  омодагиҳои ҳамаҷониба идома доранд. Бо ин мақсад як қатор чорабиниҳои илмӣ, фарҳангиву таърихӣ дар назар дошта  шудаанд. Дар доираи ин омодагиҳо  корҳои таҷдид ва такмили минҷумла, толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ, таҳияи намоишҳои муосир ва ҷалби мутахассисони соҳа ба роҳ монда мешаванд. Ин ҷашни пурифтихор  ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихиву фарҳангӣ на танҳо таърихи пурғановати муассисаи фарҳангиро таҷассум менамояд, балки нақши  онро дар ҳифзи хотираи таърихӣ ва рушди  маърифати ҷомеа боз ҳам равшантар  месозад.

Атаева Шоирахон - роҳбалади Қалъаи таърихии
Хуҷандӣ МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСаразм- гаҳвораи тамаддуни башарӣ
Scroll to Top