Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Оила – илҳомбахши зиндагӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 4-уми феврал Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар ҳамбастагӣбо Бахши суғдии Академияи мусаввирони Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Навӯзи Аҷам намоиш таҳти унвони “Оила – илҳомбахши зиндагӣ” ташкил карда шуд. Дар намоиш асарҳои рассомон Рукнидддинов Маҷид Зикруллоевич ва набераи ин кас рассоми ҷавону умедбахш Рукниддинов Иброҳимхон Фарҳодович ба маърази тамошобинонгузошта шуд. Беҳуда номи намоиш “Оила илҳобахши зиндагӣ”- ро нагирифтааст, зеро маҳз дар домани оила ҳунар шакл мегирад, такмил меёбад ва аз насл ба насли дигар мерос мемонад. Осори рассом Рукнидинов Маҷидхон барои наберааш рассоми ҷавон Иброҳимхон, сарчашмаи илҳом гардида, ӯ ин анъанаи ҳунариро бо диди тоза ва сабки нав идома мебахшад. 

Санъати тасвирӣ ойинаи андеша, эҳсос ва ҷаҳонбинии инсон аст. Рассом бо рангу хат на танҳо манзара, балки рӯҳия, таърих ва фарҳанги миллатро тасвир менамояд. 

Кундалкорӣ яке аз ҳунарҳои нодири мардумии мост, ки дар он нақшу нигор бо рангу зарҳал бар рӯи чӯб ҷилои хос мегирад. Санъати тасвирӣ ва кундалкорӣ – пайванди гузашта бо имрӯз буда, дар айёми Наврӯз ҳамчун рамзи эҳё, зебоӣ ва идомаи анъанаҳои миллӣ ҷилвагар мегардад.

Наврӯз – таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст.

Наврӯз иди кӯҳан, вале абадан ҷавон буда, аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайғиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон акнун Наврӯз ба иди байналмиллалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст. 

Дар ифтитоҳи намоиш: Ҳасанов Салимбой  – дотсент, номзади илмҳои педагогӣ, Ҷабборов Абдураҳим – санъатшинос, аъзои    Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Олов Саидҷон- дотсенти МТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сарвари гимназияи Гёте – Каримова   Фирӯза Умаровна, хешону пайвандон ва донишҷӯёни факултаи санъати назди МТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, васоити ахбои омма, кормандони муассиса иштирок доранд.

Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи
оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа
и
Осорхо
наи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesОила – илҳомбахши зиндагӣ
Scroll to Top