Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Даромадгоҳи боғи Камоли Хуҷандӣ симои нав мегирад

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имрӯзҳо корҳои тармим ва созмондиҳии сохтмонӣ дар даромадгоҳи  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо маром ва таваҷҷуҳи хоса идома дорад.  Ин тадбирҳо дар доираи эълон гардидани соли 2026 – соли вусъат бахшидани ободкорӣ ва созандагӣ амалӣ мешаванд.

Ин иқдоми созандагӣ, ки ҳадафи он беҳтар гардонидани  инфрасохтор ва зебогии муҳити фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷандмебошад, аз ҷониби устоҳои чирадасту соҳибтаҷриба бо масъулияти баланд ба анҷом расида истодааст.

Бояд гуфт, ки даромадгоҳи боғи фарҳангӣ ,  ки яке аз ҷойҳои серодам ва рамзи шаҳр ба ҳисоб рафта, имрӯз тадриҷан симои навро ба худ касб мекунад. Ҳангоми иҷрои корҳои тармимӣ ва нозукиҳои меъморӣ, риояи анъанаҳои миллӣ ва мутобиқсозӣ ба талаботи муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Истифодаи масолеҳи босифат, унсурҳои ороишии миллӣ ва ҳалли муосири тарҳрезӣ ба давромадгоҳи боғ ҷозибаи хосса мебахшад.

Қобили зикр аст, ки  устоҳои чирадаст бо истифода аз маҳоратибаланди касбӣ ва таҷрибаи ғанӣ кӯшиш доранд, ки ҳар як ҷузъи корҳои сохтмонӣ бо завқи баланд ва сифати олӣ иҷро гардад. Корҳои тармим мутобиқи нақша марҳила ба марҳила ба роҳ монда шуда, тибқи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ иҷро гардида истодаанд. Ҳангоми анҷом  додани  корҳои таъмирӣ ба масъалаҳои зебоишиносӣ, устувории конструктивӣ ва самаранокии истифодаи  иншоот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ҳамзамон , барои баланд  бардоштани хусусиятҳои амалӣ ва муҳлати  хизматрасонии иншоот, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати эмин нигоҳ доштани он аз таъсири омилҳои номусоиди  боду ҳаво, аз ҷумла боришот, намнокӣ ва  тағйирёбии ҳарорат андешида шудаанд. Ин раванд на танҳо ба беҳтар гардидани намуди зоҳирии боғи истироҳатӣ, балки ба фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатии сокинону меҳмонони шаҳр мусоидат мекунад.

Симои нави даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ  на танҳо кори  тармим ва навсозӣ аст, балки метавонад дар оянда  ба яке аз рамзҳои зебогии шаҳр  табдил ёбад ва ҳисси ифтихор ва муҳаббат ба Ватану шаҳри худро дар дили ҳар як бинанда  бедор намояд. Бо ҳар қадам ва бо ҳар тафсилоти назаррас, ин арка на танҳо манзараи  зебои боғро пурра  мекунад, балки ба фарҳанг ва муҳити фароғатии шаҳр низ ҷалби бештар хоҳад овард.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesДаромадгоҳи боғи Камоли Хуҷандӣ симои нав мегирад
Scroll to Top