(Бахшида ба 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд)
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун эҷодкорони қонуни тамаддуни қадими Шарқ арзи ҳастӣ намудаанд, ба шарофати эътиқоди воло, фаъолияти меҳнатӣ ва эҷодии хеш Ватанро ободу пешрав гардонидаанд ва дар таъриху фарҳанги башарият саҳми арзишманд ворид намудаанд. Мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан мисли меҳнати бунёдкорӣ ва созандагӣ қисми таркибии таърихи тӯлонӣ ва пуршарафи халқи тоҷик аст ва ҳамчун таҷриба, сабақ ва арзиши маънавӣ аҳамияти тарбиявӣ дорад.
Толорҳои намоишии осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз рӯи даврабандии китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров созмон дода шуда, аз давраи асри санг то замони соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Яке аз ҳамин даврабандиҳо ба матонату фидокории Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шуда,диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Ҷонфидоиҳои ин марди шуҷоъ дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои зарррин сабт ёфтааст. Темурмалик дар мубориза бар зидди ӯрдаи Чингизи хунхор баҳри муҳофизати Хуҷанд қуллаи далерию некномиро фатҳ намуда, рамзи худшиносию ватандорӣ гардидааст.
Дар намоишгоҳи осорхона таҳти мавзӯъи “Халқи тоҷик дар давраи чингизиён” яроқу аслиҳаҳо: шашпар, табарзин, либоси ҷанговар, мусаввараи муборизаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди муғулон ва харита гузошта шудааст.
Инчунин муҷассамаи Темурмалик аз тарафи рассоми боистеъдод Давронҷон Раҳматов- дорандаи Ҷоизаи вилоятии ба номи К.Хуҷандӣ сохта шуда, ба осорхона ҳашамати дигаре зам мекунад. Баландии муҷассама3,5 метр буда, барои сохтани он 4 тонна фулузи биринҷӣ истифода шудааст.

Бахшида ба ин мавзӯъ диарамаи “Муҳорибаи Темурмалик бар зидди муғулҳо” аз ҷониби рассом Ҷабборов Абдураҳим-Ҷоизадори намоишҳои байналмилалӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Дар он ихтирокории Темурмалик, Қалъа ва киштии ҷангии ӯ сохта шуда, маърази тамошобинон гардидааст.
Қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Ёди Темурмалик дар авроқи китобҳо то ҷовидонҳо боқӣ мемонад.
Хоҷаева М - мудири шӯъбаи таърихи
давраи муосири Осорхонаи таърихии
вилоятии Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”