Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Либоси миллӣ – рамзи ҳувият ва арҷгузорӣ ба фарҳанг

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба истиқболи таҷлили таъсисёбии ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо ҷидду ҷаҳди хосса  фаъолияти густарда ба роҳ монда , ҷиҳати гиромидошти  ин санаи муҳими таърихӣ як қатор тадбирҳои фарҳангиву  маърифатиро амалӣ намуда истодааст.

Ин чорабиниҳо ба ҳифз ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа ва ҷалби бештари мардум , бахусус ҷавонон ба арзишҳои миллӣ равона гардиданд.

Ҳадафи  асосии ин иқдомҳои илҳомбахш на танҳо санаи таърихӣ, балки таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва муаррифии арзишҳои фарҳагии тоҷикон ба ҷомеа мебошад.

Дар ҳамин замина  тасмим гирифта шуд,  ки  минбаъд  дар тамоми  ҷашну  маросимҳои миллӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои расмӣ, кормандони аҳли занони муассисаи фарҳангӣ бо либоси ягонаи шинами тоҷикӣ ҳузур ёфта, ҳамзамон ба муаррифии либоси  миллии тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ин иқдом ҳамчун  нишони эҳтиром ба суннатҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги қадимаи тоҷикон арзёбӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки либоси миллии  тоҷикӣ аз ҷумлаи унсурҳои муҳими фарҳанги моддӣ буда, дар худ таърихи  чандинҳазорсолаи миллат, зебоишиносӣ, рамзҳои маънавӣ ва ҳунари волои ниёгонро таҷассум менамояд. Пӯшидани чунин либосҳои миллӣ  аз ҷониби кормандони  сафи занони муассисаи фарҳангӣ на танҳо муҳити идона ва фарҳангиро ғанӣ мегардонад, балки  барои меҳмонон васайёҳони хориҷӣ ҳамчун як навъ муаррифии зиндаи фарҳанги  миллӣ хизмат мекунад.

Дар навбати худ , Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун яке аз  марказҳои  муҳими фарҳангӣ ва илмию маърифатии кишвар, ҳамеша дар самти ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллат саҳми арзанда мегузорад.

Аз ин рӯ, муаррифии либоси миллӣ дар фазои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд  аҳамияти махсус дорад. Ин иқдом имконият  фароҳам меоварад, ки фарҳанги тоҷикон на танҳо тавассути экспонатҳо , балки ҳамчунин бо роҳи зоҳирӣ , рафтор ва муоширати кормандон ба меҳмонон муаррифӣ  мегардад. Либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи  муҳими мероси фарҳангӣ фазои таърихиро боз ҳам зинда ва таъсирбахш намуда ,  ҳисси шиносоӣ бо гузашта, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавии миллатро дар зеҳни  бинандагон тақвият  мебахшад. Дар натиҷа , боздид аз чунин маконҳо барои сайёҳон ва меҳмонон на танҳо омӯзанда, балки хотирмон ва ҷолиб мегардад.

Ҳамин тариқ , тадбирҳои фарҳангӣ ба истиқболи  ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, аз ҷумла пӯшидани либоси ягонаи шинами тоҷикӣ аз ҷониби сафи кормандони занон, далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаи  фарҳангӣ  ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷикон дар сатҳи баланд мебошад.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ  “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЛибоси миллӣ – рамзи ҳувият ва арҷгузорӣ ба фарҳанг
Scroll to Top