Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қалъаи Хуҷанд- майдони муколамаи илмии Тоҷикистону Фаронса

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар солҳои охир таҳкими ҳамкории илмӣ ва фарҳангии миёни  Тоҷикистону Фаронса аҳамияти хоса пайдо намудааст. Бахшида ба ин муносибат, санаи 29- январи соли 2026 бо ташаббуси “Маркази фарҳангии Фаронса- Алянс Франэзи Хуҷанд”, дар шаҳри Хуҷанд, ҳайати меҳмонони илмии Фаронса бо сарварии Мадам Фабуғо - роҳбари “Маркази тадқиқотии Фаронса дар Осиёи Марказӣ” аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” , боздид ба амал оварданд. 

Ҳайати меҳмононро шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд. Сипас, Аминов Абубакр  - роҳбалади ботаҷрибаи муассиса меҳмононро аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ бо маводи ашёҳои нодир, дастхатҳо ва бо ҳунари ҳунармандони мардумӣ шинос намуд.

Баъди тамошои толорҳои намоишӣ меҳмонон гирди мизи мудаввар сарҷамъ омада , баррасӣ ва мубодилаи афкор вобаста ба мероси дастхатҳои хатти форсӣ , ки дар китбхонаи миллии Фаронса нигоҳ дошта мешаванд, семинари омӯзиши илмӣ баргузор  намуданд.

Семинари мазкурро Иброҳим Иброҳимов  ҳусни ифтитоҳ бахшида ба иштирокчиён ҳайати меҳмононро шинос намуд. Қайд намуд, ки дар семинари мазкур Муқим Темиров  - роҳбари “Маркази фарҳангии Фаронса- Алянс Франсэзи Хуҷанд”- дар шаҳри Хуҷанд, Абдуҷаббори Суруш- шоир , дорандаи ҷоизаи адабӣ ба номи Мирзо Турсунзода, Оқилова Муътабар- дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ- хитоии факултаи забонҳои шарқӣ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Раҳимов Ислом- номзади илми филология, дотсент, мудири шуъбаи табъу нашри ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Баҳром Раҳматзода – директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, Неъматов Нуъмонҷон – номзади илми филология, мудири кафедраи филологии арабӣ, факултаи забонҳои шарқӣ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва инчунин кормандони муассисаи мазкур ва маркази илмии Камоли Хуҷандӣиштирок намуданд.

Баъдан сухан ба Мадам Фабуғо  дода шуд. Ӯ дар баромади худ зикр намуд, ки  Маркази тадқиқоти Фаронса дар Осиёи Марказӣ беш аз 30 сол аст, ки фаъолият мебарад ва  дар самтҳои  гуногун саҳми арзанда гузоштааст. Мадам Фабуғо таъкид  намуд, ки марказ ба тадқиқоти  соҳаи бостоншиносӣ, ташкил ва гузаронидани семинарҳои илмӣ, инчунин фароҳам овардани кӯмакҳои молиявӣ барои донишҷӯён ва олимони ҷавон машғул аст. Ӯ саҳми марказро дар нигоҳдории дастхатҳои нодир ва қадимӣ, ки тааллуқ ба асрҳоиXV дар Китобхонаи миллии Париж нигоҳ дошта мешаванд истодагарӣ намуд. Ҳамчунин таъкид намуд, ки нусхаҳои асари  безаволи “Хусрав ва Ширин” аз  Низомии Ганҷавӣ, ҳам ба забони форсӣ ва ҳам ба забони туркӣ дар китобхонаи  миллии забон ва адабиёти шарқ бо аҳамияти  хоса нигоҳдорӣ мешаванд. Ӯ қайд намуд, ки омӯзиши  ин нусхаҳо на танҳо барои таҳқиқи мероси адабӣ ва фарҳангии шоир  муҳим аст , балки барои муқоисаи текстуалӣ, таҳлили нусхаҳои гуногун ва рушди тадқиқоти илмию филологӣ дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти махсус  дорад. 

Дар ҷараёни ҳамоиш Баҳром Раҳматзода баромад намуда  ҷиҳати роҳандозии тадқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши дастхатҳо, қоғазшиносӣ ва таҳлили девони Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки  нусхаҳои он дар Китобхонаи миллии шаҳри Париж нигоҳдорӣ мешаванд пешниҳод ва ироа намуд. Ӯ таъкид кард, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи ин мероси нодири адабӣ метавонад , барои бозшиносии саҳми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти классикии форсӣ ва таҳкими ҳамкории илмии миёни Тоҷикистону Фаронса аҳамияти бузург дошта бошад.

Дар фарҷоми семинар бо саволу посухҳо, табодули афкор ва ироаи пешниҳодҳо аз ҷониби иштирокчиён ҷамъбаст гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории илмӣ изҳор намуданд. 

Дар ҷамъбасти  чорабинии илмӣ бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои илмию фарҳангӣ ба Мадам Фабуғо туҳфаи хотирмон- китобҳои арзишманд тақдим гардиданд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҚалъаи Хуҷанд- майдони муколамаи илмии Тоҷикистону Фаронса
Scroll to Top