Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақши шахсиятҳо дар сарнавишти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар масири ҳар миллату давлат муассисаҳое ҳастанд, ки на танҳо ашёву ҳуҷҷатҳоро нигоҳ медоранд, балки хотираи зиндаи наслҳоро ҳифз менамоянд. Осорхонаи таърихи вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангиву таърихии "Қалъаи Хуҷанд”, маҳз чунин боргоҳи таърихиву фарҳангӣ мебошад, ки тӯли як аср рисолати  муқаддаси ҷамъоварӣ, омӯзиш ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангии мардумро бар дӯш дорад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии соли 1926 то имрӯз , ин муассисаи давлатӣ ба маркази муҳими илмӣ, маърифатӣ ва таблиғотӣ табдил ёфта, дар шинохти таърихи  пурғановати халқи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Илова бар ин  100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, на танҳо як санаи тақвимӣ, балки фурсати бознигарии роҳи тайкарда, арҷгузорӣ ба хизматҳои роҳбарону кормандон ва ёдоварӣ аз шахсиятҳое мебошад, ки бо заҳмати содиқонаашон ин махзани таърихиро нигоҳ доштаанд. Дар ин байн нақши роҳбарони собиқ, чун М.Собиров, А.В. Уэлс, Н.Н. Овечкин, А.Атаев, С.Раҳимов ва дигарон махсус  саҳми бузурге гузоштаанд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки имрӯзҳо бо пайдо гардидани ҳуҷҷатҳои нодири марбут ба фаъолияти меҳнатии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Султон Раҳимов-директори собиқ Осорхонаи таърихии вилояти Суғд. ( солҳои 1945- 1953 ), аз ҷониби фарзандаашон ба фонди осорхона дастрас гардиданд, ки саҳифаи нави таърихии ин муассисаи давлатиро бо ҳам ғанитар гардонид. Ин ҳуҷҷатҳо гувоҳи равшани садоқат, масъулият ва хизматҳои шоистаи як насли фидоии таъриху фарҳанг ба шумор меравад.

Метавон гуфт, ки дар миёни ҳуҷҷатҳои нодире санадҳое мавҷуданд, ки бо далелҳои таъсисёбии ин муассисаи фарҳангиву таърихиро , маҳз ба соли 1926 нисбат медиҳанд. Ин ҳуҷҷатҳо, ки арзиши баланди таърихиву илмӣ доранд ба таври равшан оғози фаъолияти меҳнатии осорхонаи таърихиро тасдиқ намуда, баҳсҳои мавҷудбударо вобаста ба давраи таъсисёбӣ комилан бартараф месозанд.

 

 

Муҳтавои ин санадҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки осорхона ҳанӯз дар солҳои аввали ташаккули низоми фарҳангии кишвар ҳамчун як маркази ҷамъоварӣ, ҳифз ва омӯзиши мероси таърихиву фарҳангӣ ба фаъолият оғоз намуда буд. Маҳз ҳамин ҳуҷҷатҳои нодир имрӯз ҳамчун пояи боэътимоди илмӣ хизмат намуда, на танҳо арзиши осорхонаи таърихиро баланд мебардоранд, балки ҷойгоҳи онро дар рушди фарҳанг ва худшиносии миллии ҷомеа боз ҳам равшантар менамоянд.

Метавон эҳтиромона гуфт, ки осорхонаи таърихи бо ҳамкориву кӯмаки шаҳрвандони муҳтарам,  оид ба дастрас кардани ҳуҷҷатҳои нодир, ки ба ҷашни 100- солагии  таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилоятӣ Суғд алоқаманд ҳастанд, кӯмак намоянд.

Валӣ Набизод - котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “
Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНақши шахсиятҳо дар сарнавишти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top