Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз таърихи ҳунари наққошӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихи вилояти Суғд

Наққошӣ ҳунари офарандаи нақш, маҳсули эҷоди санъаткорони мардумӣ ва касбӣ мебошад.  Нақшунигори бадеӣ яке аз ҷузъҳои хеле муҳими санъати ороиши амалӣ буда, таърихи бостонӣ дорад. 

Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии Осиёи Марказӣ  шаҳодат медиҳад, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим оғоз ва ривоҷ ёфтааст. Инкишофи  ҳунарҳои меъморӣ, кулолӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва ғайра ба тараққиёти наққошӣ мусоидат кардаанд.  Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунаррро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд. Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин анъанаи некиро идома дода, ҳунарҳои мардумиро ҳамчун инъикосгари фарҳанги бою қадимаи тоҷикон зинда намекунанд. 

Маъруфтарин нақшҳои ҳандасӣ гиреҳу равоқи чорчӯбанд ва ислимӣ буданд. Дар нақшҳои ислимӣ на танҳо сохти нақш, балки услуби тасвирӣ аҳамият доранд,  баргҳо давоми танаи дарахт буда, аз баргҳо боз шохҳо ва аз шохҳо боз баргҳо мебароянд ва ин равиш беохир идома меёбад. Дар ороиши ашё нақшҳои ҳошия, канора ва чорчӯб васеъ истифода бурда мешаванд. 

 

Қадимтарин ёдгориҳои ҳунари кандакории тоҷикон дар рӯи чӯб ба асрҳои  6 – 8 мансуб буда, дар ҳудуди шаҳрҳои бостонии Панҷакент ва Шаҳристон ёфт шудаанд. Дар асрҳои минбаъда  наққошӣ ва кандакории сутуну меҳроб, девору дарвоза, пештоқу равоқи мақбараву масҷид ва мадрасаҳо ( масалан, Мақбараи Исмоили Сомонӣ, Мақбараи Гӯри Мир, Мақбараи Мири Араб, Мақбараи Шердор, Мадрасаи Тиллокорӣ, Мадрасаи Кӯкалтош )  ва ғайра ривоҷу равнақ ёфт. 

Дар асри XVIII сифати наққоши нисбат ба давраҳои гузашта паст шудааст. Фақат дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар натиҷаи ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ва ривоҷ ёфтани муносибатҳои  тиҷоратию иқтисодь санъати наққошӣ авҷ гирифт.  Дар наққошӣ унсурҳои гиреҳ, ислимӣ, катиба, акси ҷонварон мавқеии бештар пайдо карданд. Дар амали наққошон маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон монандӣ ва умумияте ба назар расад ҳам, ҳар шаҳру маҳал услуби хоси наққоши худро дошт. 

Дар Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Панҷакент дар ибтидои асри XX наққошии ҳарранга мавқеъи намоён пайдо кард. Аз давраҳои тоинқилобӣ намунаҳои наққошии мазкур расидаанд, ки воқеан шоҳкориҳои ҳунари меъморӣ – наққошӣ ҳисоб меёбанд. Қисми зиёди онҳо ба охири асри 19 ва аввали асри 20 мансубанд. Устоҳои сангтарош, кандакор, гулдӯз ва ғайра, маъмулан, аз тарҳе, ки наққошон тайёр кардаанд, истифода мебурданд, ва ё худашон нақш мекашиданд. 

 

Масалан, дар Истаравшан кандакори маъруф усто Абдулкарим аз нақшҳои Муҳаммадрауфи Носирӣ истифода мебурд. Бисёр наққошон, аз ҷумла устоҳо Яқуб ва Юсуф  Рауфовҳо, Мақсуд Солиев, Ғафур Мансуров, Мирзораҳмат Олимов ва дигарон бо кандакорон ҳамкорӣ мекарданд. Нақошони тоҷик дар эҷоди худ асосан аз рангҳои  лоҷвард, кабуд, зард, сурх, сафед, сиёҳ, гулобӣ ва шангарф истифода  мебурданд. Наққошон ба ҳамвор будани ҷойи нақшакашӣ эътибори махсус медиҳанд, чунки ин ҳолат дар ҷолибтар ва пурҷилотар баромадани нақшу нигор аҳамияти бузург дорад. Тарҳи нақш ахта, муйқаламҳои аз пашми ҳайвоноти гуногун тайёркардашуда ва рангҳои мухталиф воситаҳои асосии амали нақшунигор ба ҳисоб мерафт. Наққошони чирадст ба дараҷае устодони амали хеш буданд, ки ҳатто бе истифодаи тарҳу қолаб нақшҳои мураккабу ҷаззоб мекашиданд. Ҳар гуна нақш усторо қонеъ намекард.  Масалан, наққош медонист, нақши барои ороиши сутун мувофиқ барои сақфи хона зебанда нест. Баъзан амали як наққош (масалан Муҳаммадрауфи Наққош)-ро наққоши дигар иҷро карда наметавонист. 

Наққошони тоҷик ананаву суннатҳои беҳтарини ҳунармандони гузаштаро эҷодкорона идома дода, ҳамзамон сабку равияҳои навро ба вуҷуд меоварданд. Наққошони гузаштаву муосирро бе номи Қорӣ Сулаймон, Бобоҷони наққош, усто Ғафур, усто Карим (Истаравшан) Мақсуд  Солеҳов, Р .Раҷабов, Я. Зарифов, Г. Мансурова, О.Файёзов (Хуҷанд), усто Тоҳирҷон (Конибодом), Муродалӣ Сафозода, усто Вафобек, усто Гулдарбоғ, усто Рӯзадори Абдолбек, усто Суҳробшоҳ, Дона Қосимбеков (ВМКБ) аз дигарон тасаввур кардан мумкин нест. 

Наққошони Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, ( 1935),  Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хучандӣ  (1958) Ғафур Мансуров, Мақсуд Солеҳов, Охунҷон Ёқубов ва дигарон сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ гардидаанд. Ороиши чойхонаҳои “Роҳат”, “Саодат”, тарабхонаи “Тоҷикистон”, сақфи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ , сақфи дохили бинои фабрикаи “Гулдаст”,  (Душанбе), чойхонаи “Панҷшанбе” ва Қасри Арбоб (Хуҷанд), тарабхонаи  “Гули Бодом”(Конибодом), чойхонаҳои “Ором” ва “Дилором” (Исфара) ва ғайра намунаҳои олии санъати наққошони муосири тоҷик мебошад.              Махсусияти нақшҳо дар он зоҳир мегардад, ки такрори якдигар нестанд. 

Дар расмҳо акси усто Солиев Мақсуд (аз фонди Осорхона) ва маҳсули кори ӯ дар маҳаллаи Чуқураки шаҳри Хуҷанд                                                                                                                                   

Исҳоқӣ Фаридахон – самуҳофизи фонди 
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди

МД “МФТ”  Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesАз таърихи ҳунари наққошӣ
Scroll to Top