Дар даврони муосир масъалаи тарбияи насли наврас ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа аҳамияти махсус касб мекунад. Имрӯз танҳо таҳсилоти мактабӣбарои ташаккули шахсияти комил, худшинос ва ватандӯст кофӣ нест. Дар ин раванд муассисаҳои фарҳангӣ, бахсус осорхонаҳо, нақши муҳим ва пуркунанда доранд. Осорхона на танҳо макони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, балки воситаи муассири тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандии наврасон мебошад.
Дар мақолаи хеш мо тасмим гирифтем, ки мавқеи осорхонаро дар тарбияи насли наврас таҳлил намуда, ҷанбаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва иҷтимоии фаъолияти осорхонаҳо баррасӣ намоем.
Осорхона ҳамчун муассисаи иҷтимоӣ вазифаи ҷамъоварӣ, ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии ҷомеаро ба ӯҳда дорад. Тибқи таърифи Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM), осорхона муассисаи доимӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, барои хидмати ҷомеа фаъолият мекунад ва тавассути экспонатҳо дониш ва маърифатро интиқол медиҳад. Дар ин замина осорхона ҳамчун мактаби ғайрирасмии таълим шинохта мешавад, ки махсусан барои насли наврас муҳити зинда ва таъсирбахши омӯзиш фароҳам меорад. Баръакси дарсҳои назариявӣ, осорхона таълимро тавассути мушоҳида, таҷриба ва эҳсоси мустақим таъмин менамояд.
Яке аз самтҳои асосии тарбияи насли наврас тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Осорхонаҳо тавассути намоиши ёдгориҳои таърихӣ, ашёҳои моддӣ ва маънавии гузашта, саҳми ниёгонро дар ташаккули давлатдорӣ ва фарҳанг нишон медиҳад. Ин раванд дар шуури наврас эҳсоси ифтихор аз таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ба вуҷуд меорад. Наврасон ҳангоми шиносоӣ бо қаҳрамонони таърих, ҳунармандон, олимон ва шахсиятҳои барҷаста ҳис мекунанд, ки онҳо идомадиҳандаи ин анъанаҳо мебошанд.
Экспонатҳои осорхонаҳо, бахсус нигораҳои марбут ба зиндагии мардум, урфу одатҳо ва арзишҳои суннатӣ, дар ташаккули ахлоқи наврасон нақши муҳим дорад. Тавассути онҳо мафумҳои ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба калонсолон ва масъулиятшиносӣ ташаккул меёбанд. Осорхона муҳити ором ва мутамадинеро фароҳам меоварад, ки дар он наврасон одоби муошират, рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибат бо мероси фарҳангиро меомӯзад.
Дар раванди омӯзиши фаннҳои гуманитарӣ, аз ҷумла таърих, адабиёт ва фарҳангшиносӣ, осорхонаҳо нақши иловагӣ ва пурқувваткунада мебозад. Экскурсияҳои мавзӯӣ, дарсҳои сайёр ва мулоқот бо мутахассисони дониши назариявии наврасонро бо далелҳои воқеӣ ғанӣ мегардонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки маълумоте, ки хонандагон онро бо чашм мебинанд ва бо ҳиссиёт қабул мекунанд, дар хотира устувортар боқӣ мемонад.
Осорхона на танҳо макони қабули маълумот, балки фазои таҳлил ва андешаронӣ мебошад. Наврасон ҳангоми тамошои намоиши осорхонавӣ савол мегузоранд, муқоиса мекунанд ва хулоса мебароранд. Ин раванд тафаккури интиқодӣ ва қобилияти таҳлилии онҳоро инкишоф медиҳад. Илова бар ин, осорхона метавонад манбаи илҳом барои фаъолияти эҷодӣ – навиштани иншо, расмкашӣ, таҳияи лоиҳаҳои тадқиқотӣ гардад. Самаранокии тарбиявии осорхона дар ҳамкории зич бо мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ бештар мегардад. Барномаҳои муштарак, экскурсияҳои нақшавӣ, маҳфилҳои таърихию фарҳангӣ ва озмунҳо метавонад таваҷҷуҳи наврасонро ба омӯзиши гузашта афзоиш диҳад.
Осорхона ҳамчун ниҳоди муҳими фарҳангӣ дар тарбияи насли наврас нақши калидӣ мебозад. Он ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқи наврасон мусоидат менамояд. Дар шароити ҷомеаи муосир истифодаи имкониятҳои осорхона дар раванди таълиму тарбия яке аз роҳҳои муассири ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон масъулиятшинос мебошад. Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки осорхона на танҳо нигаҳбони таърих, балки мактаби зиндаи тарбияи насли наврас мебошад.
Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи
таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”