Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Шоҳнома”- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ яке аз бузургтарин  осори адабиёти ҷаҳонӣ ва пояи  устувори  худшиносии миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии халқҳои форсизабон ба шумор меравад.

Ин асар на танҳо ганҷинаи  адабӣ, балки  сарчашмаи  муҳими таърихӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки дар тӯли  беш аз ҳазор сол дар ташаккули ҷаҳонбинии мардумони  Осиёи Миёна, Эрон ва Афғонистон нақши калиди бозидааст.

Бояд гуфт, ки дар замони  муосир таваҷҷуҳ ба китоби “Шоҳнома”, ҳамчун  рамзи  ваҳдати фарҳангӣ ва мероси муштараки тамаддунӣ боз ҳам бештар гардида, дар сиёсати  фарҳангии кишварҳои форсизабон  мақоми хосаро касб намудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида буданд, ки ин чорабинӣ марҳилаи нави ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии ду кишвари ҳамзабонро нишон дод. Дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ собиқ Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, муҳтарам оғои Алиасғари Шеърдӯст, китоби безаволи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро ҳамчун рамзи дӯстӣ, эҳтиром ва пайванди таърихиву фарҳангии ду миллат дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳадя гардид.

Ин иқдом нек на танҳо арзиши маънавӣ дошт, балки аҳамияти баланди илмӣ ва фарҳангӣ низ касб намуд, зеро “Шоҳнома” ҳамчун санади  зиндаи тамаддуни муштарак ба фазои фарҳангии кишвар ворид гардид.

Айни ҳол ҷойгоҳи китоби “Шоҳнома” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, нусхаи эҳдошуда дар толори намоишии таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар доираи даврабандии “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои X- XI “,  зери шишаи муҳофиз баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Ин давра яке аз марҳилаҳои тиллоии рушди тамаддуни тоҷикон маҳсуб ёфта, маҳз дар ҳамин асрҳо Фирдавсӣ “Шоҳнома”- и худро офаридааст. Ба намоиш гузоштани ин асар дар осорхонаи таърихӣ на танҳо  арзиши экспозитсионӣ дорад,  балки ҳамчун василаи  омӯзишӣ барои  муҳаққиқон, донишҷӯён ва толибилмон хизмат мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар солҳои охир бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таваҷҷуҳ ба мероси адабӣ ва таърихии ниёгон ба марҳилаи нав баромадааст. Аз ҷумла, туҳфа гардидани  китоби “Шоҳнома” ба ҳар хонадони миллати тоҷики саросари кишвар иқдоми муҳимест, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг мусоидат менамояд

Ин иқдом ба он равона шудааст, ки китоби бузурги “Шоҳнома” танҳо  ҳамчун ёдгории таърихӣ ё осори нигоҳдошташуда  дар осорхонаҳо ва китобхонаҳо маҳдуд намонад, балки  ба муҳити зиндаи зиндагии рӯзмарраи мардум, махсусан ба оила ворид гардад. Вақте ки китоби “Шоҳнома” ба  манзили зист ворид мегардад, он дигар фақат матни классикӣ нест, балки  ба манбаи ахлоқ, худшиносӣ ва тарбияи фарзандон табдил меёбад. 

Албатта, бо ҷой гирифтани китоби “Шоҳнома” рӯйи  мизи хонавода, волидон метавонанд, тавассути қиссаҳои қаҳрамонона, андешаҳои ватандӯстона ва намунаҳои рафтори инсонӣ ба фарзандон арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба гузаштагон, шуҷоат, ростқавлӣ ва адолатро омӯзонанд. Ҳамин тавр хондани китоби “Шоҳнома” ба як анъанаи хонаводагӣ табдил ёфта, робитаи наслҳоро қавитар мекунад.

Дар натиҷа, ин иқдом “Шоҳнома”-ро аз як китоби  рамзӣ ва расмӣ ба китоби зинда, фаҳмо ва амалӣ табдил медиҳад, ки на танҳо хонда мешавад, балки дар тарбия, гуфтугӯ ва ҷаҳонбинии оила нақши фаъол мебозад.

Инчунин бо мақсади зинда нигоҳ доштани суннати қадимаи шоҳномахонӣ ва ҷалби насли наврасу ҷавонон ба мутоилаи осори классикӣ, дар ҷумҳурӣ озмуни “Шоҳномахонӣ” миёни толибилмон баргузор мегардад. Ин озмун на танҳо маҳорати қироат ва ҳифзи матнро инкишоф медиҳад, балки ҷаҳонбинии таърихӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштагони бузургро тақвият мебахшад.

Қобили зикр аст, ки “Шоҳномахонӣ” ҳамчун анъанаи мардумӣ дар тӯли асрҳо нақши муҳими тарбиявӣ дошта , имрӯз низ  метавонад, василаи муассири муқовимат ба бегонапарастӣ ва фаромӯшии арзишҳои миллӣ бошад.

Хотиррасон намуд, ки  ин ҳама дастовардҳои таърихиву фарҳангӣ бо ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” рост меояд, ки худ рамзи эҳтиром ба таърих ва мероси миллӣ мебошад. Осорхонаи таърихӣ  ҳамчун ниҳоди ҳифзкунандаи хотираи таърихӣ дар як аср фаъолияти пурмаҳсул анҷом дода, имрӯз ба маркази муҳими илмӣ- фарҳангӣ табдил ёфтааст.

Бо назардошти гуфтаҳои боло , ҳузури китоби безаволи “Шоҳнома” дар фазои осорхонаи таърихӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва сиёсати фарҳангии давлат ҳама як ҳадафро пайгирӣ мекунад, ки ин эҳёи худшиносии миллӣ ва пайвастани гузашта, имрӯз ва оянда мебошад.

Метавон гуфт ,ки китоби “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ дар шароити  муосир на танҳо як осори адабӣ, балки омили муҳими сиёсати таърихиву фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва таҳкими  ваҳдати миллӣ  мебошад.

Ҳадя гардидани китоби безаволи “Шоҳнома” дар доираи  рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон , ба намоиш  гузошта шудани он дар осорхонаи таърихӣ, тақдими ин асар ба ҳар хонаводаи миллати тоҷик ва баргузории  озмуни “Шоҳномахонӣ” ҳама ба ҳам пайваст гардида, далели равшану қотеъи эҳёи мақоми баланди ин шоҳасари адабиро дар ҳаёти ҷомеа инъикос мекунад. Ин чорабиниҳо нишон медиҳанд, ки “Шоҳнома” дигар танҳо мероси адабӣ ё таърихӣ нест, балки  ҳамчун пояи худшиносии миллӣ ва фарҳангӣ дубора ба маркази таваҷҷуҳи мардум баргаштааст.

Ба намоиш гузоштани “Шоҳнома” дар осорхонаи таърихӣ ба он эҳтироми илмӣ ва таърихӣ мебахшад, дар ҳоле ки ҳадя гардидани он дар рӯзҳои фарҳангӣ ва тақдими китоб ба хонаводаҳо маънои  баргардонидани асар ба домони фарҳангии мардумро дорад.

Озмуни “Шоҳномахонӣ” бошад,  насли  наврасро ба мутоила, дарки маънавӣ ва эҳсоси  ифтихор аз гузашта водор месозад ва ин асари бузургро ба як падидаи зиндаи таърихиву фарҳангӣ табдил  медиҳад.

Маҷмуи ин иқдомҳои нек собит месозанд, ки китоби шоҳасари “Шоҳнома” имрӯз ҳамчун  китоби тарбия, ваҳдати миллӣ ва пайванди наслҳо мақоми  воқеии худро бозёфтааст. Он  на танҳо хонда ё ба намоиш гузошта мешавад, балки дар шуури ҷомеа зиндагии навро оғоз мекунад ва дар таҳкими пайдо намудани арзишҳои миллӣ нақши муассир мебозад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle Categories“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top