Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қадршиносии собиқадорони меҳнат дар арафаи Соли нави мелодии - 2026

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба арафаи Соли нави мелодии - 2026 намояндагони Осорхонаи таърихӣ вилоятии Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо нишонаи эҳтиром ва қадршиносӣ аз заҳмати чандинсолаи пурсамари собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ дар муассисаи фарҳангӣ кору фаъолият намуданд, аёдати идонаро ба ҷо оварданд.

Зимни вохӯрии намояндагони муассисаи мазкур собиқадоронро ба муносибати фарорасии Соли нави 2026 аз номи роҳбарияти муассиса ва кулли кормандон самимона табрику муборакбод намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ба онҳо  барои заҳматҳои чандинсолаашон изҳори миннатдорӣ баён карда шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба собиқадорони меҳнат саломатии бардавом, умри дароз, рӯзгори ободу осуда ва комёбиҳои беназир орзу намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Таъкид гардид, ки саҳми собиқадорони меҳнат дар рушду пешрафти муассисаи фарҳангию таърихӣ, ҳифзу гиромидошти мероси таърихию фарҳангии миллат басо арзишманд буда , ҳамеша бо эҳтиром ёдоварӣ мегарданд.

Собиқадорони меҳнат, ки имрӯз даврони  пирифтихори пириро паси сар мекунанд, аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва қадрдонии роҳбарияти муассиса самимона сипосгузорӣ карданд ва ба ҳамаи кормандон барори кор ва ба фаъолияти минбаъдаи муассиса комёбӣ орзу намуданд. Онҳо чунин муносибати некро нишонаи эҳтиром ба заҳмати чадинсолаи худ дониста,  таъкид карданд, ки ин гуна вохӯриҳо ба онҳо  руҳбаландӣ бахшида , эҳсоси қадршиносӣ ва ҳамбастагиро боз ҳам бештар менамояд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҚадршиносии собиқадорони меҳнат дар арафаи Соли нави мелодии - 2026
Scroll to Top