Санаи 11 –уми соли 2025 ҳайати намояндагони вилояти Свердловски Федератсия Русия бо сафари корӣ аз шаҳри бостонии Хуҷанд дидан намуданд. Ин сафар ҳамчун қадами мустаҳкамсозии робитаҳои дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия арзёбӣ мегардад. Дар ҳошияи сафари корӣ ҳайати меҳмонон ва шахсони масъул ҳамроҳи намуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”, ки таърихи чандинҳазорсолаи ин шаҳри куҳан, фарҳанги бой, осори арзишманди моддӣ ва маънавии ниёгони халқи тоҷик мебошад, боздид ба амал оварданд.
Дар ибтидои шиносоӣ меҳмонон аз осорхонаи таърихӣ Юлдошева Умеда – роҳбалади ботаҷрибаи касбӣ аз толорҳои гуногуни осорхона ошно намуда онҳо ба намоишҳои беназири он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Роҳбалад, оид ба давраҳои асосии ташаккули тамаддуни мардуми тоҷик, аз ҷумла давраҳои қадима, асрҳои миёна ва давраи муосир маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Меҳмонон аз ашёҳои бостони, зарфҳои қадима, тангаҳои бозёфтҳои археологӣ, силоҳу таҷҳизоти ҳарбӣ ва дигар бозёфтҳои таърихӣ шиносоӣ пайдо намуданд. Сониян, сафари боздиди меҳмонон аз қалъаи таърихӣ идома ёфт.


Боздид аз қалъаи таърихӣ Шаҳноза Комилова – роҳбалади пешқадам меҳмононро аз толорҳои намоиши қалъаи таърихӣ , бунёди қалъа, нақши стратегӣ доштани он дар давраҳои гуногуни таърих, санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, ҳунарҳои мардумӣ шарҳи мухтасар дод. Ҳайати меҳмонон изҳор доштан , ки қалъаи таърихӣ яке аз осорҳои арзишманди меъморӣ, ҳифзу нигоҳдории он барои омӯзиши таърих аҳамияти калон дорад.
Боздиди ҳайати меҳмонони вилояти Свердловски Федератсияи Русия аз Осорхонаи таърихи ва Қалъаи таърихии Хуҷанд як иқдоми муҳими фарҳангии пурмасъулият, пурмуҳтаво ва хотирмон арзёбӣ намуда аз қабули гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.


Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”