Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намоишгоҳи “Садои кӯҳсор” дар Қалъаи таърихии Хуҷанд

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Намоишгоҳи “Садои Кӯҳсор” дар доираи лоиҳа ва фестивали визуалӣ сторителлинг”Садои кӯҳсор” бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” дар толори Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.

Мақсади асосии лоиҳа боло бурдани маърифати фарҳангӣ ва малакаҳои эҷодии ҷавонони деҳоти Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва дорои қобилияташон мухталиф  ва занони то синни -30 сола, ки ба имкониятҳои таҳсили  санъати фарҳангӣ фарогир ҳастанд,  равона гардидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ташкилоти  ҷамъияти “Ибтидо” тасмим гирифт, ки давраи нави лоиҳаро оғоз намуда, лабораторияи ҷадидеро ташкил намуд, ки иштирокчиён дар он бо коллажҳои модулӣ, графия ва аниматсия тавассути сторителлинг таҷриба мегузаронанд. Бо воситаи таҷрибаҳои визуалӣ, кор бо хотира, мушоҳида ва таърихи оилавӣ, орзуҳо, табиати минтақаҳо, манзараҳо ва нерӯи дарунӣ эҷодҳои нав бояд офаранд . Аз ин лиҳоз, барои ҳар як иштирокчӣ экспозитсия панҷ амали фарогирӣ пешниҳод карда мешавад, ки чаҳортояш тамошоӣ ва панҷумаш даъват ба амал мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мақсади асосии ин эҷоди ҳикояи нодир, ки ҳиссиёт дошта бошад, дигаре андеша ва тафаккурро бедор кунад.

Қобили зикр аст, ки соли 2024 дар толори қалъаи таърихи чунин намоишгоҳи фестивали  серӯзаи сторителлинги “Садои кӯҳсор” баргузор гардида буд, ки онро зиёда аз 500 нафар тамошо карда буданд.

Хотиррасон намуд, ки лоиҳаи фестивали визуалии сторителлинг “Садои кӯҳсор”бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Ҳадафи асосии ин лоиҳа рушди ҳикоягӯии визуалӣ, дастгирии эҷодкорони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад. Дар доираи фестивал баргузории мастер-классҳо, намоишҳои филмҳо, вохӯриҳо бо мутахассисони соҳа ва дигар чорабиниҳои эҷодӣ пешбинӣ шудааст.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНамоишгоҳи “Садои кӯҳсор” дар Қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top