Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Эҳтиром ба қалам – таҷлили 80- солагии нависанда Маъруф Бобоҷон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 04- уми ноябри соли 2025, бахшида , ба муносибати  80- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш адибону шоирон, суханварон ва устодону донишҷӯён, дӯстдорони каломи бадеъ ва мухлисони нависанда ширкат варзиданд. Инчунин аз номи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, намоянда дар маҳфили устод Маъруф Бобоҷон иштирок намуда ба фаъолияти ӯ арҷ гузошт.

Маросими чорабиниро раиси бахши Суғдии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, аз саҳми арзандаи нависандаи баркамол Маъруф Бобоҷон дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки асарҳои пурмазмун ва воқеан мардумии нависанда дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши муҳим доранд.

Баъдан як қатор адибону олимон ва ҳамқаламони нависанда суханронӣ намуда аз роҳи эҷодии ӯ, ҷустуҷӯҳои адибӣ ва нақши нависанда дар ташаккули афкори ҷомеа сухан ронданд. Гуфта шуд, ки Маъруф Бобоҷон бо асарҳои худ , романҳо ва қиссаҳои пурмазмун симои инсонҳои одии тоҷикро бо ҳама шукуҳ ва пурратараш тасвир кардааст.

Хотиррасон шуд, ки ҳикояҳо ва қиссаҳои нависанда Маъруф Бобоҷон ба забонҳои русӣ, узбекӣ ва арманӣ тарҷума гардида, дар маҷаллаҳо ва нашрияҳои гуногун ба табъ расиданд. Ин далел боз ҳам шаҳодат аз он медиҳад, ки эҷодиёти нависанда на танҳо дар миёни хонандагони тоҷик, балки дар кишварҳои ҳамсоя низ дӯстдорони худро дорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш нависандаи русзабони тоҷик Ҳафиз Сайдуллоев ва тарҷумони забони узбекӣ, нависанда Урунбой Усмонов низ суханронӣ намуда дар бораи таҷрибаи тарҷумаи асарҳои  Маъруф Бобоҷон ва таъсири онҳо ба хонандагони миллатҳои дигар изҳори назар карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки асарҳои нависанда аз самимият, инсондӯстӣ ва биниши васеъи иҷтимоӣ бархурдор буда, қобилияти баланд доранд, ки ба дилҳои хонандагон роҳ ёфтааст.

Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯёни ҳузурдошта бо шавқу завқ ба устод Маъруф Бобоҷон саволҳо дода аз таҷрибаи зиндагиву эҷодии он посухҳои пурмуҳтаво шуниданд.

Дар поёни маҳфили идона донишҷӯён бо гулу гулдастаҳо табрикоти самимии худро ба нависандаи дӯстдоштаи худ тақдим намуда ба ӯ саломативу илҳоми нав орзу намуданд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЭҳтиром ба қалам – таҷлили 80- солагии нависанда Маъруф Бобоҷон
Scroll to Top