Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конститутсия – пояи ҳуқуқ ва суботи ҷомеа

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

      “Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояи устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем”

Эмомалӣ Раҳмон

      Имрӯзҳо дар кишвари Тоҷикистони маҳбубамон 31-умин солгарди қабули Конститутсияи давлатии соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи халқи тоҷик мебошад.

     Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи кишвари Тоҷикистон санади асоси мебошад, ки ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатиро барои амалан таъмин намудани ҳифзи риояи он масъул сохтааст. Конститутсия шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати он ирода мебошад. Тӯли сию як соли фаъолияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, “Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он амал намоем.”

     Зикр намуд, ки кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун, баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Конститутсияи худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ ҳар яки мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем. Пас аз қабули санади асосии соли 1994 оғози марҳилаи нави демократӣ ва ҳуқуқбунёди кишвари маҳбуб дар миқёсӣ ҷаҳон муаррифӣ шуд ва халқи  Тоҷикистон чун мардуми бунёдкору созанда , сулҳпарвару ваҳдатдӯст ва тамаддунофар шинохта гардид.

     Дар ҳақиқат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормонҳои халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда , арзиши олии он эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳо ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Конститутсия тақозои онро дорад, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон ваҳдати миллӣ таҳким ёфта , пояи он устувор гардад Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи он муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад.

   Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри соҳибистиқлолӣ дарҷ гардидааст.

   Бале, рӯзи Конститутсия ба мо хотиррасон мекунад, ки сулҳу оромӣ, озодӣ ва ваҳдати миллӣ асоси пойдории давлат мебошанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари маҳбубамон Тоҷикистон дар ин рӯзи фархунда чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳову конфронсҳои илмӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ бо иштироки фаъолон баргузор мегардад, ки  то аҳамияти қонун ва масъулияти ҳар шаҳрванд равшантар фаҳмондошта шавад. Ин рӯз ба ҳар як шаҳрванд хотиррасон мекунад, ки сулҳ, ваҳдат ва адолати пояҳои асосии давлатдорӣ буда  ва ҳар шаҳрванди кишвари Тоҷикистон бояд ин арзишҳоро ҳифз кунад ва барои пешрафти Ватани маҳбуб саҳм гузорад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesКонститутсия – пояи ҳуқуқ ва суботи ҷомеа
Scroll to Top