Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғди назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳру навоҳии вилоят, санаи 22- уми октябри соли 2025 чорабинии идонаи бошукуҳ бахшида ба ҷашни Меҳргон дар боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.
Зикр намуд, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, рамзи меҳру муҳаббат, накӯкорӣ ва фарорасии ҷамъоварии ҳосили фаровони марди деҳқон мебошад. Ин ҷашн, ки решаҳои он ба замонҳои бостонӣ бармегардад, имрӯз низ ҳамчун як мероси фарҳангии гаронбаҳо аз ҷониби насли ҷавонон бо ифтихор таҷлил мегардад.
Рӯзи Меҳргон, ки яке аз суннатҳои бостонии тоҷикон ба ҳисоб меравад, имсол низ бо шаҳомати хос дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар таҷлил гардид. Дар ҷашни баргузоршуда намояндагони фаъоли ҷомеа, ҷавонони ташаббускор ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, гуруҳи ҳунарии санъаткорон, устодону донишҷӯёни макотиби олӣ ва васоити ахбори омма иштирок варзиданд.
Яке аз меҳмонони намоёни чорабинӣ Маҳмуди Фариноз буд, ки дар миёни ҷавонон ҳамчун роҳбари фаъоли ташаббусҳои фарҳангиву ватандӯстона, бахусус дар доираи ҳаракати “Пайравони Пешвои миллат” ҳузур дошт, ки ҳузури ӯ барои иштирокчиён руҳбаландкунанда буд.
Дар оғози чорабинии мазкур Абдуллозода Абдуҷамил - муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, суханронӣ намуда аҳамияти эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодиро таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа буда, бояд дар ҳифзи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми назаррас дошта бошанд.
Барномаи чорабинӣ, ки ба ифтихори иди бостонии миллати куҳанбунёди тоҷик- Меҳргон баргузор гардид, бо иштироки фаъоли гуруҳи фарҳангии ҷавонон, дар фазои ҳусну зебоӣ бо либосҳои миллӣ, барномаҳои санъатӣ, унсурҳои ҳунари мардумӣ, шеър, рақс, суруд ва саҳначаҳои таърихӣ ҷараён гирифт.
Ҳамчунин, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ , оростани суфраи Меҳргон бо гулу меваҳо ва маҳсулоти ҳосили кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, диққати иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Баргузории чунин чорабинии мазкур барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои тоҷикон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ нақши муассир бозид. Он бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳамбастагӣ ва шукргузорӣ аз ободии Ватан баргузор гардида, мавриди истиқболи иштирокчиён қарор гирифт.
Ҳадафи чорабинии мазкур аҷргузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва эҳёи суннатҳои фарҳангии мардуми тоҷик буд, ки бо супоридани сипосномаҳо ва туҳфаҳо ба фаъолон бо муваффақият анҷом ёфт.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”