Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тозаву озода нигоҳ доштани Чорбоғи Хоҷа Камол

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар яке аз қисматҳои Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, гӯшае воқеъ аст, ки на танҳо макони зебои табиӣ, балки як порсаи зиндаи таърих ва фарҳангӣ миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ин макон – Чорбоғи Хоҷа Камол аст. Он на танҳо ҳамчун боғи фароғатӣ, балки чун ёдгории таърихиву меъморӣ ва гӯшаи андеша ва маънавиёт дар миёни мардум эҳтиром пайдо кардааст.

Чорбоғи Хоҷа Камол дар гирду атрофи мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ, яке аз шахсиятҳои маъруфи илмиву динӣ ва адабии асрҳои миёна бунёд ёфтааст. Чорбоғ дар усули анъанавии чорбоғсозии шарқӣ сохта ба истифода дода шудааст. Гузаргоҳҳои он бо майдончаҳои гулу гулбуттаҳои рангоранг, сарҳавз бо дарахтони беди сояафкан, ду тараф бо току анорзор ва манзараҳои оромкунанда оро дода шудааст. Ин макон ҳамеша ҷойи дӯстдоштаи мардум ва меҳмонон аст, ки дар ин ҷо на танҳо зебоӣ, балки оромӣ, таърихи зинда ва фазои руҳонӣ эҳсос карда мешавад.

Бале, ин чорбоғи зебо на танҳо гӯшае барои фароғатии шаҳрвандон, балки як ёдгории фарҳангию меъмории ниёгонамон мебошад, ки дар зери сояи он таъриху маънавиёти мардуми тоҷик зинда аст. Аммо , мутаассифона мушоҳидаҳо ба чашм мерасад, ки баъзе аз шаҳрвандон ба муҳити зист беэътимодӣ назар мекунанд. Партофтани ҳар гуна партоваҳо, шикастани гулу гулбуттаҳо ва дарахтон, вайрон кардани оромии боғи истироҳатӣ, ҳамаи ин аз набудани эҳсосияти масъулиятшиносӣ шаҳодат медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки тозаву озода нигоҳ доштани мавзеъҳои боғи фарҳангӣ пеш аз ҳама ба саломатии ҷамъият ва муҳити зист таъсири мусбат мерасонад. Инчунин бо заҳмати боғбонони  кордону бомаҳорат бо сарварии Абдусалом Қурбонзода - директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ басо назаррас буда, боғи тоза ва пур аз гулу гулбуттаҳои рангоранг зеби боғи истироҳатӣ буда, барои рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани руҳияи шаҳрвандон нақши муҳим мебозад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар як шаҳрванде, ки худро фарзанди ин сарзамин мешуморад, бояд ба нигоҳдории тозагии муҳити зист саҳмгузор бошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки Чорбоғи Хоҷа Камол на танҳо ёдгории таърихӣ, балки оинаи таъриху фарҳанг ва маърифати миллати тоҷик мебошад. Агар гӯшаҳои сабзи табиатро ин  на фақат чорбоғро ҳифз накунем, хатар ба саломатии инсон, муҳити ифлос боиси афзоиши бемориҳои зараровар ва дигар мушкилоти тандурустиро эҷод мекунад. Инчунин, ҳар як дарахт, ҳар гулу гулбуттаҳо, ҳар як қатраи об як узви зиндаи табиат буда, барои инсоният муҳити солим ва руҳбаландиро ато мекунад, ки чорбоғу боғи фарҳангӣ дигар мавзеъҳо яке аз бахшҳои фарҳангӣ ба шумор меравад. Ин мавзеъи табиати нотакрор на танҳо як макони таърихиву фарҳангӣ, балки “нафасгоҳи шаҳр” гӯем хато намекунем. Бояд дарк намуд, ки табиат зинда аст ва он ҳис мекунад, таъсир мегирад аз рафтори муносибати мо ва аксуамал ҳам нишон медиҳад. Агар мо табиатро нодида гирем, он низ моро аз неъматҳои худ маҳрум месозад. Чорбоғи Хоҷа Камол низ як намунаи комили ин анъанаи табиӣ буда, дар он табиат бо фарҳанг, ҳунару ҳикмат бо ҳам пайванд мебошад.

Пас, нигоҳ доштани тозагии боғи истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихӣ, ки макони сайру гашти ҷамъиятӣ ба шумор меравад, ки  шинонидани гулу дарахтони мевадору ҳамешасабз, тозаву озода нигоҳ доштан иштирок ба корҳои ободониву сабзакорӣ ҳамаи ин амалҳо гарчанде ба назар одӣ  расад, лек натиҷаи бузург дорад.

Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesТозаву озода нигоҳ доштани Чорбоғи Хоҷа Камол
Scroll to Top