Тибқи анъанаҳои қадимаи ниёгони миллати тоҷик, дар даромадгоҳи хона - музейи Хоҷа Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар гирдогирди сарҳавз дарахтони сояафкани сиёҳбед шинонида шуданд. Лек, дар чорбоғаш бошад, дарахтони зардолу, шафтолу, бодом, гелос, токҳои ангури ҳусайнӣ, тагобӣ, чарас, бедона, дили кафтар, инчунин дарахтони анор парвариш меёбанд.
Қобили зикр аст, ки аз азал гузаштагони ниёгон, қариб ки дар ҳар маҳаллаю гузарҳо дар гирдогирди сарҳавзҳо дарахтони сиёҳбед мешинониданд , ки он хоси маҳалла буда хосияти шифобахшию руҳнавозӣ дорад ва он аз намнокию шӯрӣ эмин нигоҳ доштани хонаву биноҳо мусоидат мекунад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар даромадгоҳ ва қафои ҳавлии хона- музей, чорбоғ бо айвони истироҳатӣ дар қатори дарахтони мевадор гулу гулбуттаҳои раноранги мавсимӣ, бахусус дарахтони анор, ки ба муҳити шаҳри Хуҷанд мутобиқ буда, шинонида шуданд. Зеро обу хок ва боду ҳавои ин мавзеъ ба нашъунамои дарахти анор хело мувофиқ буда , ҳосили хуб ба бор меорад.
Зикр намуд, ки анор меваи маъмулии мардуми тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Меваи анор лӯндаи сурх, сурхи баланд, нордон ё зардтоб мешавад. Аз меваи анор ҳаргуна афшура, шарбат, қиём тайёр кардан мумкин аст, ки то ҳатто мардум аз он сиркои маҳаллӣ тайёр мекунанд.
Хотиррасон намуд, ки олими барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино навъҳои анорро номбар намуда, чунин гуфтааст: ширин, майхуш, турш буда, мизоҷи анори ширин сард будааст. Пӯсти анор мизоҷи сард ва хушк буда , бисёр қабзиятовар мебошад. Беҳтарини самараи анори ширин бузургдона аст, ки хислатҳои шифобахши дошта аз он хуни солим пайдо мешавад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки як донаи меваи анор то 1200 дона дорад ва растании гармипарвар буда, давраи пухтани он аз 180 – 215 рӯзро ташкил медиҳад. Дарахти анор дар нимаҳои дувуми моҳи май гул мекунад ва давраи гулшукуфиаш аз 50 – 70 рӯз буда, мевааш охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр пухта мерасад. Дар тибби муосир шарбат ва шираи анор ҳамчун маводи парҳезӣ барои афзун намудани иштиҳо ва ҳаҷми ғизо истифода мебаранд. Инчунин шарбати анор барои муолиҷаи бемории ғадуди меъда низ фоидаовар будааст.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”