
Муҳофизат ва гиромӣ доштани меъроси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онҳо вазифаи муҳими ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст, зеро хурдтарин осори гузашта метавонад қиммати баланди илмию таърихиро доро бошад. Сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёдро ба ҳам васл менамояд.
Солҳои охир бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати бунёдкоронаи фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майли хештаншиносӣ ва худогоҳии мардум хеле баланд гашт. Дар ҳақиқат, солҳои пешин агар доираи илмии соф соҳавиро ба назар нагирем, кам одамоне аз таърихи халқи худ бохабар буданд. Аммо танҳо бо шарофати соҳибдавлатӣ ва зарурати муаррифии тамаддуну фарҳангҳои гузаштаи халқамон ба ҷаҳони муосир ва умуман донистани он, ки “Мо кистем?” мардум рӯй ба таърих, фарҳанг, забон, ҳунарҳои ниёгон ва ғайра овард.
Хушбахтона имрӯз низ ба ғайр аз мутахассисон, таърихнигорон кам нестанд шахсоне, ки барои омӯхтани таърихи худ майлу рағбати зиёд доранд. Яке аз чунин дӯстдори таърих ин Муҳаммадов Абдуллохон мебошад.
Муҳаммадов Абдуллохон сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати Ҳайдар Усмон, кӯчаи Раҳимбой Раҳматов 34, хонандаи синфи 4 “б” Муассисаи таълимии хусусии Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ӯ ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд як адад кӯзачаи сафолин ва якчанд пораҳои сафолӣ овард. Аз рӯи гуфти соҳиби ашё бозёфтҳо ҳангоми кофтани зерхона аз чуқурии 4 метр аз хонаи истиқоматиашон дарёфт гардидааст. Муҳаммадхон оиди бозёфтҳои овардааш бо мутахассисони Осорхона ҳамсӯҳбат шуда, оиди он ки ашёҳо ба асрҳои 18 19 тааллуқ дошта, аҳмияти таърихӣ доранд маълумот гирифт.
Умедворем, ки сафи чунин дӯстдорони таърих зиёд гардида, ҳамкории xмардум бо Осорхона зич мегардад. Зеро, донистани таърих ва эҳтиром нисбати он барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.
Дилором Саидова - корманди илмии
шӯъбаи таърих МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"