Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Кӯрпа ва кӯрпачаҳои миллӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, кӯрпа ва кӯрпачаҳо маводи маҳсули рӯзгор, ки аз замонҳои қадимулайём гузаштагон, бахусус  дар байни халқҳои  Осиёи Миёна, аз он ҷумла тоҷикон маъмул буда , мардум бештар кӯрпаву  кӯрпачаро барои нишастан, баъзан барои рахти хоб низ истифода мебаранд. Кӯрпача маънои чизи дар болои он нишастан ё хобравандаро дошта, кӯрпа бошад ба сифати болопӯш, бахусус дар фасли сармои зимистон истифода бурда мешавад.

Бояд гуфт, ки кӯрпаву кӯрпачаро асосан бонувони ҳунарманд бо номи “кӯрпадӯз” машҳур ҳастанд медӯзанд. Он яке аз ҳунарҳои қадима ба шумор  рафта, санъат ва ҳунари аҷиби миллии тоҷикон  дорад ,  ки  ҳамарӯза дар манзили зист тоҷикон истифода мебаранд.  Дигаре бошад, дар байни дигар миллатҳо  меҳмоннавозии миллати тоҷикон хело машҳур  буда, иззату эҳтироми суннатии тоҷикона  меҳмон, ки  вориди хона мегардад, ҳатман кӯрпачаи нав барои нишаст мепартоянд ва ин расму анъанаи миллӣ  то ба имрӯз  давом дорад.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими фасли  гармо кӯрпачаро дар болои кат ё дар фарши хона аз болои қолинҳо меандозанд, кӯрпаҳоро бошад танҳо барои болопӯш ва  эмин  ниогҳ доштан аз сардиҳои зимистон дар ҳуҷраҳои  хоб истифода мебаранд. Дар умум намуди кӯрпаву кӯрпачаҳо гуногунранг буда, онҳоро  барои  ҳаёти ҳамарӯзаашон  тоҷикон  истифода мебаранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар намунаи ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар рӯйи кати миллӣ, фарши даруни хона болои қолинҳо ва дар таҳмонҳои  болои сандуқ  кӯрпачаҳо  гузошта шудааст. Замоне ки тамошобин вориди хона мегардад, бахусус сайёҳони хориҷӣ аз санъати нотакрори фарҳангӣ точикон бо гаҷкориву кандакорӣ ҷо ба ҷо гузоштани маводҳои лозимаи рӯзгор чашм канда наметавонанд, лаҳзае  бошад дар гирди сандалӣ ҷамъ омада болои кӯрпача нишаста роҳат мебаранд.

Барои дӯхтани    абра , яъне болои кӯрпача интихоби гуногуни матои маъмулан дурахшону рангаи сатин, бахмал, атлас ва шоҳӣ ҳунармандони бонувони чирадаст бештар истифода мебаранд. Ин матоъҳо мувофиқи андоза, бараш 0,80 м, дарозиаш 2,00- 2,5 м пайваст ва дӯхта мешаванд, ки дар кунҷаш аз матои зич, бештар сатин истифода мебаранд. Сипас, нахи пахтаро дар даруни он ҷойгир намуда бо усули бобоӣ кашида мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар чорабиниҳою маросими анъанавӣ, бахусус дар тӯю маъракаҳо кӯрпаву кӯрпачаҳоро дар хонаи арӯс ва ҳам дар хонаи домод мебаранд, ки ин хоси урфу одати анъанаи миллати қадимаи ниёгонро  нишон медиҳад.

Ба ин василаи ҳунари дӯзандагӣ дар байни ҳунармандон то ҳоло ҳунари кӯрпачадӯзӣ аз байн нарафтааст, ки дар дӯконҳою растаҳои  бозору мағозаҳо  намудҳои гуногуни кӯрпаву кӯрпачаҳоро дидан мумкин аст.

Метавон гуфт, ки  хонаводаҳое  ҳастанд, ки бо ин шуғли аҷдодӣ машғул ҳастанд, яъне аз насл ба насл духтаракон ва шогирдони худро  омӯхта истодаанд. Ҳоло бошад, тариқи шабакаҳои интернетӣ тарҳу дизайнҳои замонавии кӯрпаву кӯрпачаҳоро омода намуда ба фурӯш мебароранд. Яъне, занҳои фаъоли ҳунармандон  ҳунари аҷдодиро бо соҳибкорӣ омезиш медиҳанд, ки рушд додани шуълаи ҳунарҳои мардумиро фурӯзон мекунанд.

Зикр намуд, ки кӯрпаву  кӯрпачадӯзӣ яке аз самтҳои фаъолӣ  ҳунарҳои мардумӣ  ба шумор меравад, ки ҳунарманд дар ҳама ҷо сарфароз мебошад.

Валӣ Набизод- котиби иттилооти
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesКӯрпа ва кӯрпачаҳои миллӣ
Scroll to Top