Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бригадаи 99 - уми алоҳидаи тирандози тоҷик

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромшонашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо - Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо  ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд.

Дар қатори онҳо қариб 5 ҳазор нафар шермардони вилоят дар ҳайати бригадаи 99 уми алоҳидаи тирандози тоҷик бо сари баланду масъулияти беандоза ҳарб доштанд.

Ба ифтихори ҷашни 80 солагии Ғалабаи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм мо тасмим гирифтем, оиди таъсисёбии ин бригада ва корнамоиҳои ҷанговарони  далеру шуҷои он маълумот ҷамъ намоем.

Дар аввалҳои ҷанг дар Ленинобод (ҳозири Суғд) аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ дивизия ё бригадаи калоне ташкил гардидааст, ки ин - бригадаи 99 -уми алоҳидаи тирандози тоҷик буд. Бригадаи мазкур аз ҷумлаи ҷузъу томҳои ҳарбии миллие будааст, ки мувофиқи қарори Комитети Давлатии мудофиа аз 13 ноябри соли 1941 дар қаламрави ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ташкил меёфтанд. Он бояд қариб сад дар сад аз ҷанговарони  маҳаллӣ яккачин мешуд. Бо лавозимоти зарурӣ таъмин кардани бригада низ ба дӯши мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ буд.

12 декабри соли 1941 рӯзи тавлиди бригада гардид. Он рӯз аз ҷониби қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҷавонмардони бисёре ба пунктҳои таъинот даъват шуданд. Қисмҳои асосии бригада – ду баталёни алоҳидаи тирандозӣ, баталёни алоҳидаи алоқа, ротаи алоҳидаи сапёрӣ ва ғайра дар колхозҳои наздишаҳрии Ленинобод ҷойгир шуданд. Макони будубоши се қисми дигар – баталёни сеюми тирандозӣ, дивизияи артиллерӣ ва баталёни миномётӣ шаҳри Ӯротеппа таъин гардид. Танҳо аз шаҳри Ленинобод сафи бригадаро ҳамчун аскарони қаторӣ 1070 нафар пурра намуданд.

Полковник Д.И.Покровский командир, Ёқубҷон Муҳаммадов комиссари бригада ва А.А. Бишкин сардори штаби бригада таъин гардиданд. Ба ҳайати шахсӣ ҳунари ҷангиданро  афсарони соҳибмалакаи рус ва командирони ҷавони тоҷик меомӯзониданд.

Аввали баҳори соли 1942 бригадаи 99 - ум нерӯи тавонои ҷангие буд, ки дар ҳар участкаи фронт амалиёти мустақилона бурда метавонист.

Ҳамин тариқ 25 марти ҳамон сол ленинободиён эшелони якуми бригадаи худро аз қалъаи таърихии Хуҷанд ба ҷанг гусел карданд. Қӯшунҳои ин бригада барои озод кардани Харков фиристода шуд. Эшелони дуюми бригада,  ки аз 500 нафар иборат буд, баъди як моҳи дигар ба роҳ баромада дар самти Старий Осколи наздикии Воронеж ба ҷанг даромаданд.

Ҷанговарони он минбаъд дар ҳуҷумҳои музаффаронаи Армияи Сурх бо дилҳои пур аз шуҷоат иштирок доштанд. Аз сафҳои бригада мисли Исмоил Ҳамзаалиеву Тӯйчи Эрйигитов Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ баромаданд. Ҷанговарони дигари он мисли Муҳаммад Осимӣ, Асад Муллоҷонов, Абдулло Абдуҳамидов, Домулло Азизов, Субҳон Атоев ва дигарон дар майдони ҷанг корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, бо медалу грамотаҳо қадрдонӣ шудаанд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар мактабҳои миёна осорхонаҳои мактабӣ созмон дода шуданд. Бо кӯшишу талошҳо ва ҷидду ҷаҳди яке аз муаллимони пешсаф, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадназир Аҳмадов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи № 3-и шаҳри Хуҷанд ба номи Маҳастии Хуҷандӣ осорхонаи мактабӣ бо номи “Шӯҳрати ҷангӣ” созмон дода шуд. Осорхонаи мактабӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, насли ҷавонро водор месозад, ки аз шермардони майдони ҷанг ибрат гиранду дар рӯҳияи марди асил , вафодори Ватану миллат ба камол расанд.

Дар Осорхона харитаи роҳи ҷангию мардонагии бригада, ки аз соҳили дарёи Сир  то Сталинград, Старий Оскол, Изюм, Садовое, Воронеж, Харков, Вилнюс расидааст мавҷуд мебошад, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои шахсии ҷанговарони бригада, лавҳаҳо бо аксҳои ҷанговарон, мактубҳои давраи ҷанг, сатрҳои хотира, ордену медалҳо, дафтарчаҳои хотиравӣ, як каф хок аз қабри онҳое, ки дар диёри дурдаст шаҳид гардидаанд, гузошта шудаанд.  Инчунин “Бозёфтҳо аз майдони ҷанг” гӯшаест, ки дар он бозёфтҳои зиёди давраи ҷанг: даҳҳо намуди яроқу қисмҳои он, бомба, белча барои кофтани хандақ, тоскулоҳ, сарулибоси давраи ҷанг ва ғайраҳо гузошта шудаанд.

Ҳамчунин, Муҳаммадназир Аҳмадов китоберо бо номи “Баҳодурони бригадаи  99-ум” аз нашр баровард, ки пурра оиди ташкил шудани бригада ва корнамоиҳои ҷанговарони он маълумот медиҳад.

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарону бобоёни мо мебошад.    

Дилором Саидова - корманди илмии
шӯъбаи таърихи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБригадаи 99 - уми алоҳидаи тирандози тоҷик
Scroll to Top