Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди муовини вазири фарҳанг аз Қалъаи Хуҷанд

Рейтинг:   / 3
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 26-апрели соли 2024 бо гурӯҳи ҳайати расмӣ, муовини Вазири фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода  Мануҷеҳр Муртазо бо мақсади дидан намудан аз  Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, боздид ба амал оварданд.

Зимни мулоқоти самимӣ Омири кулли муассисаи мазкур, Иброҳим Иброҳимов меҳмононро пешвоз ва хайру мақдам гуфт.

Сипас, меҳмононро дар сатҳи баланди касбӣ роҳбалади дараҷаи олӣ Сайфиева Шарифахон аз намоиши толорҳои  бошукуҳи таърихию фарҳангии  “Қалъаи Хуҷанд” бо намуди зебову боҳашамат, растаҳои ҳунармандон,  намунаи хонаву ҳавлиҳои ҳунармандони  мардумӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон, бешубҳа далел ва исботи таърихи куҳани миллат, нишонаи  шаҳомати бузурги  анъанаҳои қадимаи эҷоди ниёгон ва шаҳрнишини  шаҳри Хуҷанди бостониро инъикос менамояд, маълумоти бештар ва ошно намуд.

Бояд гуфт, ки Маҷмааи  таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” чун шаҳодатгари бузурги таърихии асри гузаштаи халқи тоҷик ёдгории тамаддуни фарҳанги ниёгон мерос монда, барои мардуми кишвари Тоҷикистон нишонаи ҳазорсолаи таърихии куҳандошта ба шумор меравад. Ҳамзамон, барои ҳифзу нигоҳдории он ба маданияти миллати тоҷик муҳим мебошад, ки барои ҷалби меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.

Воқеан, меҳмонони олиқадр аз боздиди чунин ёдгориҳои таърихӣ, ки эҳтиром аз дидани макони муқаддаси таърихӣ, огоҳӣ аз арзишҳои  фарҳангии ниёгони халқи тоҷик, ки ба кас як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебахшад  болидахотир гардида, барои истиқболи самимӣ изҳори арзу сипос намуданд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБоздиди муовини вазири фарҳанг аз Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top