Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозии шавқовар

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз, ҷиҳати шиносои аз мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии Муассисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд”, бо дархости расмии Муассисаи давлатии буҷети таҳсилоти миёнаи умумии Русия- Тоҷикистон “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П.Чехов”, бо сарварии омӯзгори ботаҷриба Стерхова Юлия Валентиновна, ҷиҳати пешбурди фаъолияти таҳқиқотӣ бо иштироки хонандагон бозии шавқовар, бо номи ”кӣ зуд меёбад” гузаронида шуд.

Мақсад ва ҳадафи бозии шавқовар дар ҷустуҷӯи акси дарвозаи боғи фарҳангӣ ба шакли “мозайка” ба қисмҳо буридашуда , дар ҳар ҷойи мавзеҳои боғ панаҳ карда шудааст, бояд дарёфт намуд. Шарти бозии шавқовар чунин аст, бояд ҳар як иштирокчӣ дар асоси саволномаи тақсимшуда  вазифадор аст, ки  дар кадом мавзеъи боғи истироҳатӣ, тахминан ҷойгиршудани қисмӣ буридаро бо тезӣ пайдо кунад.

Дар ҷустуҷӯи бозии ҷолиб хонандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, мубориза ва саъю кӯшиш, шарора барои баланд бардоштани самаранокии бозии шавқовар ва ҳавасмандии толибилмон ва дарки шавқу рағбати онҳо мушоҳида карда шуд. Дар ин раванди ҷустуҷӯи қобилияти фикронӣ ва эҷодкорию корбарии мустақилона, фаъолияти моҳиронаи иштироки онҳо эҳсос карда шуд ва дар андак фурсат ҳамаи қисмҳоро бозингарон пайдо карданд, ки аз ҷониби омӯзгор Стерхова Ю.В баҳои баланд гузошта шуд.

Дар оянда тасмим гирифта шуд, ки он силсила барномаҳои таълимии бозиҳои шавқовар идома бахшида шавад ва  ба толибилмон имкон медиҳад, ки дар кадом мавзеъҳои  боғи фароғатӣ ёдгориҳои таърихӣ гузошта шудаанд, барои гирифтани маълумоти дақиқ  мусоидат хоҳад кард.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top