Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Наврӯзи оламафрӯз муборак!

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо арзу эҳтироми беандоза тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аҷдодиаш қалбҳоро пурнур, шаҳомати бахтро фаровон ва шукуфаҳои мақсудро бароямон мушарраф мегардонад, табрику муборакбод мегӯем.

Ба диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳор меояд. Баҳоре, ки паёмадаш Наврӯзи оламафрӯз ва танҳо рӯзи фирӯз, балки ҷилваи баҳори ваҳдати миллат бо худ пайки хуррамию бедории табиат ва эҳёву тозакориҳои афзун мегардонад. Боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави Наврӯзи байналмиллалӣ ҳамчун рамзӣ бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳкон бо шукуҳу шаҳомати хоса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.

Орзумандем, ки оромиву осудагӣ, соли хушу хуррам ва саршор аз шодмонию меҳру муҳаббат, тафоҳум ва тандурустӣ, хушбахтии беинтиҳо, хонаободӣ ба ҳамагон арзонӣ гардад.

Бигзор, ҳамеша офтоби Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, дар роҳи зиндагию ободониву пешрафти диёри маҳбуби мо- Тоҷикистон  доимо шуълаафшон ва нури бахту саодат бипошад.

Иди  Наврӯзи  аҷам  муборак !

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНаврӯзи оламафрӯз муборак!
Scroll to Top