Аҳли ҷомеаи меҳнатии кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо камоли эҳтирому иззат тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки моҳи шарифи Рамазон, моҳи раҳмату мағфират, хайру савоб, моҳи покизагӣ, бахшиши гуноҳҳо ва зиёд намудани амалҳои хайр ба охир расида истодааст, аз самимӣ қалб табрику муборакбод мегӯем.
Ба ин муносибат, ки мо дар арафаи иди саиди Фитр қарор дорем, аз даргоҳи Худованди бузург ба Шумоёни азиз пеш аз ҳама имони комил, қабули тоату ибодат ва дили софу пок аз гуноҳҳо, саломатӣ, умри дарозу пурбаракат, оромиву осоиштагӣ, хонадони обод, зиндагии саршор пур аз меҳру шафқат, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзи пурбаракатро таманно дорем.
Иди Рамазон муборак!