Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

ИДИ КАСБИ МУБОРАК

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Осорхонаи таърихӣ, ки ҳоло дари онро барои ҳама боз намудем, ба умеде бунёд шуд, ки сокинони вилояти Суғд аз тариқи он бо таърихӣ куҳани миллатамон аз наздик ошно гарданд. Зеро огоҳӣ аз рӯзгори қадими халқи худ, ворид гардидан ба саҳифаҳои пурифтихори созандагиву қаҳрамониҳои фарзандони сарсупурдаи миллат омили пуриқтидори тарбияи мардум дар рӯҳи  ватандӯстиву худосшиносӣ мебошад.

                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои рушди ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сиёсати фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Борҳо таъкид доштем, ки мақсади асосии мо аз рӯй овардан ба таърихи куҳани халқи худ ба хештаншиносиву худогоҳивии миллӣ ҳидоят намудани наслҳои имрӯзаву ояндаи Ватани азизамон аст. Зеро шахсе, ки аз таъриху фарҳангӣ миллати худ огоҳ аст дорои ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ гардида, ҳамеша дар талоши ободсозии Ватани худ мешавад”.

Имрӯз дар замони Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба осорхонаҳо ҳамчун маҳзани ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар маркази диққати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои худ метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ арҷгузории мероси ниёгон, зебопарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд. Осорхонаро метавон оинаи миллат шуморида ба хотири он, ки кулли ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқ, ки инъикосгари давраҳои гуногуни таърихию фарҳангии ҷомеъа ба ҳисоб меравад, маҳз дар ҳамин боргоҳи фарҳанг ҳифз ва тарғиб мешаванд.

Дар замони муосир кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун муассисаи маърифатӣ-фарҳангӣ рушд карда, дар ҷодаи ҷамъоварӣ, ҳифз, эҳё ва корҳои тарғибу ташвиқи таъриху фарҳангӣ волои мардуми тоҷик ҳисси арзанда мегузоранд. Алҳол экспонатҳои асосии фонди осорхона 15973 ададро ташкил медиҳанд. Кормандони осорхона баҳри рисолати хешомӯзишу таҳқиқ, ҳифзу нигаҳдори намунаҳои нодиртарини мероси таърихию фарҳангӣ пайваст кӯшиш ба харҷ дода, тавассути баргузории силсилаи чорабиниҳо дар раванди тарбияи худшиносию худогоҳии миллӣ, муаррифии хотираи таърихӣ ба манзури ҷомеъа намудани арзишҳои таърихию фарҳангӣ саҳми муносиб ва назаррас гузошта истодаанд.

Осорхонаҳо ҳамчун таҳкимбахши ифтихори миллӣ барои рушду такомули фарҳанги миллӣ, гиромидошти маънавии аҳли ҷомеъа рисолати худро башарафона ба амал тадбиқ хоҳанд кард.

Муассисаи Давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кулли кормандони осорхонаҳои ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳӣ, инчунин собиқадорони меҳнатро, ки дар соҳаи осорхонашиносӣ фаъолият намудаанд бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо сиҳат саломатӣ ва дар корҳои ояндаашон бурдбориҳои беназир таманно дорад. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top