Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёдаш бахайр

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Қаюмов Рашид Абдураҳимович 19-майи соли 1962 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудаанд. Соли 1969 ба мактаби миёнаи №14-и ҷамоати Унҷӣ  дохил шуда, соли 1979 хатм намудаанд. Сипас ба техникуми шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон) дохил шуда, соҳиби касби мутахассиси таҷҳизоти наддофӣ (оператор-чесольщик) мегарданд. Баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ соли 1982 дар Комбинати Қолинҳои Қайроқум фаъолияти меҳнатии худро оғоз намуда, аз соли 1984 дар Комбинати шоҳибофии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) пурсамар меҳнат намудаанд. Сипас аз соли 1998 то дами вопасин фаъолияти меҳнатии Қаюмов Рашид Абдураҳимович дар Осорхонаи таърихи- кишваршиносии вилояти Ленинобод ҳозира Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар вазифаи мудири хоҷагӣ идома меёбад.

Қаюмов Рашид Абдураҳимович марди оромтабиат, хушмуомила ва бомасъулият буданд. Байни кормандон обрӯву эътибори хоса доштанд. Хизматҳои шоёни он кас бо Ифтихорномаи Вазири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Сипосномаҳо қадршиносӣ гардидаанд.

Оиладор. Соҳиби ду фарзанд.

Ёдашон ба хайр, манзили охираташон обод бод!!!

Зиндаву ҷовид монд ҳар, ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top