Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мастчоҳ-дар Фестивал

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар доираи Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ намоиши маҳсули дасти косибону ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.

Дар ин рӯз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ - намунаи заҳмати оҳангарону устоҳои чӯбдаст, дӯзандагону бофандагон, ошпазони моҳир, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи ноҳия чун кишоварзону варзишгарон, толибилмону китобдорон ва адибон ба намоиш гузошта шуд.

Сокинон ва меҳмонони маркази вилоят гуруҳ - гуруҳ ба ин намоишгоҳ омада, бо маҳсули дасти ҳунармандону кадбонуҳои моҳири ноҳияи Мастчоҳ ошно гардиданд.

Ғайрат Азиззода раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни боздид аз ин намоишгоҳ иброз дошт, ки дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" баргузор намудани чунин намоиш на танҳо сокинони вилоятро бо маҳсули дасти ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳ ошно мекунад, ҳамчунин бисёр касбу ҳунарҳои миллиро таблиғ менамояд ва барои эҳёи дубораи онҳо сабаб мешавад.

-Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, махсусан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирӣ ва мусоидат дар баргузории ин намоиш миннатдорем, - гуфт Ғайрат Азиззода.

Барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги ноҳия, ки аз сурудҳои халқию оҳангҳои мардумӣ иборат буд, табъи меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷандро шод кард.

Хотирнишон бояд кард, ки Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ дар асоси қарори Раиси вилоят бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва  27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  бо мақсади рушду инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таърихи пурғановати миллат, эҳёи суннатҳои асил, тарғиби либоси миллӣ, тараққӣ додани санъати ҳунармандӣ, муаррифии ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандондавоми моҳҳои июл – ноябри соли равон гузаронида мешавад.

                          

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМастчоҳ-дар Фестивал
Scroll to Top