Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шабе дар Осорхона

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 18 – май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд «Шаби осорхонаҳо» баргузор гардида, шаҳрвандон, меҳмонони ватаниву хориҷӣ, муҳассилин ва донишҷӯёни мактабҳои миёнаву олӣ ройгон аз осорхонаҳо дидан намуданд.

Теъдоди тамошобинони аз осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят 10 027нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла:

-Осорхонаи таърихии вилояти Суғд – 2 363 нафар;

-Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд – 425 нафар;

-Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ – 374 нафар;

-Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Гулистон – 200 нафар;

-Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии «Курушкада» - и ноҳияи Спитамен – 588 нафар;

-Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ҷ.Расулов – 475 нафар;

-Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ашт – 447;

-Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Б.Ғафуров – 103 нафар;

-Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Истаравшан – 134 нафар;

-Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносиии шаҳри Конибодом – 470 нафар;

-Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи А.Рӯдакии шаҳри Панҷакент – 3 700;

-Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Исфара – 748 нафар дидан намуданд.

Инчунин бахшида ба ин рӯз дар саҳнаи ҳавлии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» намоиши Ретроавтомобилҳо – намоиши автомобилҳои солҳои барориашон гуногуни давраи Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид. Дар намоиш автомобилҳои Волга-Газ–21, «Победа» , «Москвич»-407- (1959), «Москвич»-АЗЛК- (1984), инчунин Аробаи чӯбини дучарха ва Фаэтони (Фойра) чорчарха ба намоиш гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола санаи 18 - май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top