Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Маркази омӯзишии адрасу атласбофӣ дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Куртаи атлас ба бар, рўй чу наргиси тар, 
     Шўълаи рангинкамон бар тани ту ҷилвагар.

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумлаи атласу адрасбофӣ, сўзанидўзӣ боиси ифтихор аз гузаштаи пурғановати фарҳанги миллӣ мебошад. Нақши атлас ва адраси миллӣ аз замонҳои қадим барои ҳар як хонадони тоҷик мақоми хоса дошт.

Яке аз бонуи бофарҳангу бофандаи ҳунарманд Қобилова Муқаддамхон Абдураззоқовна мебошанд, ки касби косибиро хеле хуб омӯхтаанд. Чӣ хеле, ки худи ин зани ҳунарманд мегӯянд:

«Ман касби косибиро аз даврони мактабиам аз падарам омӯхтаам. Пас аз хатми мактаби миёна барои сайқал намудани ҳунари худ ба фабрикаи бофандагии «Хуҷандатлас» ба кор даромадам. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари мардуми ниёгони мо аз нав эҳё гардид ва ман  ин ҳунарро аз нав давом дода истодаам. Аз соли 2014 инҷониб бо ин ҳунар машғул ҳастам.

Аз моҳи маи соли 2016 дар «Маркази истеҳсолии адрасу атласбофӣ»-и Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун мутахассиси ин соҳа ба фаъолият оғоз намудам. Ба марказ аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Мастчоҳи кӯҳӣ, Конибодом, Ашт барои омӯхтани ин ҳунар занони хонашин омада, ҳунари косибиро меомӯхтанд. Дар ҳашт моҳи кориам ба зиёда аз 80 нафар шогирдонам нозукиҳои ин касбро омӯзонида, онҳоро соҳиби шаҳодатнома гардонидаам. Пас аз омӯхтани ин ҳунар онҳо ҳамчун омӯзгор шогирдони дигарро тайёр намуданд, ки якчанд нафари онҳо соҳиби Грант ва дастгоҳи бофандагӣ аз тарафи Раиси вилоят гардиданд.

Бо мурури ин, ҳамзамон дар «Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ»-и Муассисаи давлатии «Мачмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба фаъолият оғоз кардам.

Панҷуми августи соли 2016 бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши  Раиси вилоят мӯҳтарам А.Қодирӣ озмуни вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» дар вилоят гузаронида шуд.

Бо пешниҳоди омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», мӯҳтарам И.Иброҳимов ман дар ин озмун иштирок намуда, ҷои сазоворро ишғол карда, сипоснома ва дастгоҳи бофандагиро бо тамоми лавозимотҳояш сарфароз шудам. Бо супориши Раиси вилоят, мӯтарам А.Қодирӣ дар Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ маркази таълимӣ – истеҳсолии адрасу атласбофӣ ташкил карда шуд. Дар айни ҳол дар ин марказ фаъолияти ҳунарии худро давом дода истода, занони хонашин ва ҳамунин ба кормандони Хона – музей нозукиҳои ҳунари худро омӯзонида истодаам».

         Ҳунари косибӣ аз ҳунарҳои маъруф ва пуршараф аст. Аз ин лиҳоз касе ба ин ҷода кӯшиш ба харҷ медиҳад, барои пешрафти ҷомеа нақши босазоеро хоҳад гузошт.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМаркази омӯзишии адрасу атласбофӣ дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top