Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бо гудохтан сохтани деги мисин

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Агар ба таърихи куҳани миллати тоҷик назар афканем, таърихи деги мис – таърихи санъати куҳан ва фарҳанги ғании мардуми Осиёи  Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон мебошад. Деги мис  на танҳо як асбоби рӯзгор, балки  як порчаи ҳунари мардумӣ, рамзи фаровонӣ ва ҳатто мероси миллии тоҷикон  ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки  маводи мис яке аз металлҳое мебошад, ки коркарди онро  тақрибан 5000- 7000 сол , асрҳои IV-III то мелод  дар минтақаҳоои Месопотамия, Миср ,Эрон, Бохтар и қадим пайдо шудааст. Мис маводи нарм ва осонгудоз буда он ба хуби гармиро интиқол медиҳад, барои пухтупаз бисёр муносиб аст. Дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои куҳистон мис дар асрҳои қадим коркард мешуд, ки бостоншиносон дар шаҳрҳои Панҷакент, Ҳисор, Вахш ва дигар  мавзеъҳо нишонаҳои кулолгарӣ ва металгудозии қадимаро пайдо намуданд.

Бале, ҳунари мисгарӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии миллати тоҷикон буда, аз маводи мис ба ғайр аз зарфҳо, ,аслиҳа,  асбобу анҷоми рӯзгор ва дигар ашёҳои мухталифро  сохта ба истифода дода мешуданд.

Дар асл, таърих гувоҳӣ медиҳад, ки инсон бори аввал дар асри санг бо мис шиносӣ пайдо карда буд. Дар он вақт инсон бо фикри сайқал додани олоти сангини худ тасодуфан бо миси табиӣ бархӯрд ва пиндошт, ки он ҳам як навъи санг аст. Аммо вақте ӯ хост бо усули сохтани асбобҳои сангӣ аз миси табиӣ олот созад, маълум шуд, ки мис  мисли санг пора нашуда, аз он олоти қираҳои тездори бурранда тайёр нашуда он ёзиш ёфт. Ёзиши миси табиӣ инсонро водор сохт, ки бо усули кӯфтани сард ороишот, асбоби рӯзгор, деги мисин, аслиҳа , олоти корӣ ва ғ. созад. Ин давраро  аввалини истифодабарии миси табиӣ дар таърих асри мису санг номида мешавад. Бо сабаби хело мулоим будани миси табиӣ аз он тайёр кардани олоти мисӣ олоти сангиро иваз карда натавонист. Баъдтар инсон тавассути гудозиш ва маъдан барқарор кардани мисро аз худ намуд.

Тибқи маълумоти маъхазҳои  таърихӣ ниёгони тоҷик аз замонҳои қадим ба гудохтани мис ва аз он сохтани кулоҳу камарбанд, аслиҳаи ҷангӣ, кӯзаву лаълӣ, косаву деги мис ва дигар зарфҳоро оғоз  намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки истифодаи мис дар  минтақаи Осиёи Миёна, бахусус дар сарзаминҳои тоҷикнишин, таърихи хеле қадима дорад. Дар ҳафриёти бостоншиносӣ назар афканем,  дар  шаҳрҳои қадимаи Панҷакент, Саразм, Истаравшан ва Бухоро зарфҳои мисин ва гилин ёфт шуда буданд.  Яъне , дар замонҳои қадим устоҳои  ҳунарманди мардумӣ  аз маводи мис ашёҳои рӯзгор  аз ҷумла, деги мис , табақча, коса, лаълича ва дигар зарфҳои бо дасту асбобҳои анъанавӣ истеҳсол мекарданд. Ин ашёҳои мазкур баъзан бо нақшу нигори гулдор ва хатти арабӣ оро дода мешуданд.

Қобили зикр аст, ки яке аз намуди асбоби рӯзгор бо номи деги мис  дар ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”  болои дегдон гузошта шудааст, ки таърихи он ба аввали   асри XVIII тааллуқ  дорад, нигоҳ дошта мешавад. Ин дег  на танҳо як ашёи  рӯзгор, балки нишонаи ҳунари баланди мисгарӣ ва шоҳиди равшани ҳаёти иқтисодию фарҳангии мардум дар он давра ба шумор меравад.

Зикр намуд, ки мисгарӣ дар асрҳои XVIII – XIX яке аз касбҳои қадима ва сердаромади мардум ба ҳисоб мерафт. Дегҳои мисин асосан барои пухтупаз дар хонаҳои тоҷирон  ва шахсони сарватманд истифода мешуданд. Ин гуна дегҳо бо нозукӣ сохта шуда, рӯи онҳо нақшу нигори зебо доштанд, ки ҳар кадом маънои рамзӣ доштанд. Деги мисин, ки имрӯз дар ҳавлии тоҷир нигоҳ дошта  шудааст, бо андозаи калон  ва устувории сохташ тамошобинонро ба худ ҷалб мекунад. Гуфта мешавад , ки он аз мисҳои соф ва бо истифода аз усулҳои дастӣ сохта шуда, то имрӯз шаклу  сифати худро нигоҳ  длштааст. Ин деги мис  солҳои зиёд барои мардум хизмат намуда шоҳиди ҷамъомадҳо, маракаҳо ва ҳаёти пурбаракати хонадон будааст.

Инчунин деги мисин яке аз ашёҳои асосии ошхонаҳои тоҷикон ба шумор мерафт. Он барои гарм намудани об, рангубори  риштаҳои ресандагӣ ва барои пухтани таомҳои маъмулӣ мураббо, шӯрбо, ширбиринҷ ва дигар ғизоҳои миллӣ истифода мешуданд.

Зикр намуд , ки маводи мис ба сабаби хосияти хуби паҳн  намудани  гармӣ имконият медиҳад, ки хӯрок баробар пухта ва маззаи беҳтар дошта бошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳунари мисгарӣ як бахши муҳими фарҳангии ниёгон буда,  аз қадимулайём  дар шаҳрҳои   ба монанди Истаравшан, Бухоро, Самарқанд, Ҳисор ва Хуҷанд хело рушд ёфта  будааст.Ҳар як устои ҳунарманди мардумӣ  дар як намуди махсуси зарф ихтисоси худро дошт, дегсоз, косасоз, табақсоз ва ғ. Устоҳои ҳунарманд бо даст мисро кӯфта , шакл медоданд ва баъдан онро бо қалъа ( қалъапӯш) мепӯшониданд, то ки мис ба хӯрок таъсири манфӣ нарасонад. Дар замонҳои пеш дар бозорҳои марказӣ растаҳои фурӯши бахши махсуси ҳунармандони мисгарӣ дошт, ки то ҳатто дар шаҳри Хуҷанд маҳалла бо номи “Мисгарон” мавҷуд буд, ки дар он ҷо истеҳсол ва фурӯши зарфҳои рӯзгори мисин сурат мегирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки имрӯз ин деги мис  дар ҳавлии тоҷир аз асри XVIII боқӣ мондааст, ки  он  аз сатҳи баланди ҳунари мисгарони  тоҷик шаҳодат медиҳад, ӯ  на танҳо як ашёи хонаводагӣ, балки рамзи  завқи зебоишиносии аҷдодони миллати тоҷик  мебошад.

Валӣ Набизод- котиби  маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБо гудохтан сохтани деги мисин
Scroll to Top